Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Оббо, шайтон-е! Мо ин гурба аз кадом гӯр пайдо шуд гуфта, расо хавотир шудем-дия.
— Ин овозро шунида, фрицҳо завқ карда хандиданд, — нақл намуд Абдураҳмон. — Ба назарам яке аз онҳо гурбаро хеле дӯст медоштааст. Аз заминкан хез зада баромаду аввал ба атроф гӯш андохт. Сони се-чор қадам пеш омад. Бори дигар мияв-мияв кардам. Омада ба хандақ даромад. Ғиппӣ ӯро зер кардаму корашро тамом намудам. Сони, ана ин либосҳояшро кашида пӯшидам ва аз они худро ба ӯ пӯшондам. Мияв-миявро шунида дигараш омад. Рӯямро дуруст нишон надода, ба вай обдонро нишон додам. Бо ишора фаҳмондам, ки арақ ёфтам. Ӯ хеле хурсанд шуд ва ҳамон дам худро ба хандақ партофт. Инро ҳам боб кардам. Баъд оҳиста аз хандақ баромадаму ба заминкан наздик шудам. Дар он ҷо ду офицер будааст. Кайфашон таранг. Маро аскари худ гумон карда, ким-чиҳо дашному дандӯ ҳамин тарафро ишора карданд. Мақсадашонро фаҳмидаги барин сарамро ҷунбондаму ба ҳамин тараф омадан гирифтам. Акнун кор бад намешавад, ҷӯраҳо. «Забон»-и серравган мебарем!
— Дурусттар дидӣ? — пурсид Сергеев. — Мабодо найранг накарда бошанд?
— Не-е, ман аскари худашон-ку. Магар намебинӣ?
— Хайр, ин тарафаш чӣ мешавад?— пурсидам.
— Гап ин тавр,— хам шуда пасттар гап зад Абдураҳмон,— ман ҳар дуятонро пеш андохта гирифта меравам.
Гӯё шумоёнро асир гирифтааму чун «забон» ба онҳо «тӯҳфа» мебарам. Баробари наздик расидан мили автоматро ба онҳо рост мекунам... Кор тамом, вассалом. Бо чолокӣ ҳар дуятон дастони онҳоро мебандед. Ана, баъд ба штаб бармегардем. Маъқул?
— Ҳилаи зӯр! — хурсанд шудем мо.
Ҳамин тавр нақшаи Абдураҳмон бомуваффақият анҷомиду ду «забон»-и ниҳоят заруриро гирифта овардем.
Маълум шуд, ки мо «тӯҳфа»-и хеле қимматбаҳо овардаем. Баъди ҳамин Абдураҳмонро бо ордени дараҷаи якуми «Ҷанги Ватанӣ» мукофотониданд. Ману Сергеев ҳам медали «Барои шуҷоат» гирифтем.
Бечора. Дӯстам, ҳангоми иҷрои супориши навбатӣ...
Ҳамроҳаш лейтенант ва сержанти милиция бо афсӯсу андӯҳ сар ҷунбонданд. Чавлон бо овози баланд гирист.
— Уқочон,— чашмонашро пок карда, Чавлонро тасаллӣ дод Ҳасанҷон,— ӯ барои Ватан, барои халқи худ, барои ману ту қаҳрамонона ҳалок гардид. Ҳамъяроқон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё