Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз паси ӯ Сергеев ва ман ҳамин тавр рафтем. Ишора кард, ки намеҷунбед, овоз ҳам намебароред. Хуб гуфтем. Ба даҳон талкон гирифтагӣ барин хеле хомӯш истодем. Баъд Абдураҳмон: «То ишораи ман аз ҷоятон наҷунбед» гуфту бо даруни хандақ рафтан гирифт. Каме бедарак шуд. Дар ин ҳангом мияв-мияви гурба ба гӯш расид.

— Оббо, лаънатӣ-е! — надониста овоз баровард Сергеев ва зуд даҳонашро бо кафаш пӯшид. — Гурбаи сабилмонда дар ин ҷо чӣ кор мекунад? Корро боз расво накунад?

— Деҳа наздик гаштан мегирад-дия. Бо ҷанг чӣ кор дорад ин дайдуи беақл — гуфтам бо овози паст. Гурба боз мияв-мияв кард. Ҳар ду хеле хавотир шудем.

— Агар наздик мебуд, шарт мепаррондам, — гуфт Сергеев ва аз гуфтааш пушаймон шуда, илова кард: — не, узри бадтар аз гуноҳ мешавад, план барбод меравад. Баръакс оҳиста гулӯяшро буғӣ мекардам. Чӣ гуфтӣ, ҷӯраҷон?

— Хе-е, овозата гир!

Гурба бори дигар мияв-мияв кард, ташвиши моро афзуд. Охир, Абдураҳмонро дастгир кунанд, аҳволи мо чӣ мешавад? Бори аввал ба «шикор» баромадаем, таҷриба надорем, ки худсарона рафтор кунем. Ҳол он, ки мо бояд супоришро бечуну чаро иҷро кунем, ҳеҷ набошад, як нафар «забон» гирифта равем.

— Исто, исто, омада истодааст, — оҳиста ба гӯшам пичиррос зад Сергеев.

— Кӯр шудӣ магар? Абдураҳмон не, аскари немиску, — гуфтам дар ҷавоб ва саросемавор мили автоматро ба сӯи вай рост кардам. «Хенде хох!» «Фриц» дасташро бардошта, таслим шудани худро фаҳмонд. Якчанд қадам пеш омаду хандид. Бинем, худи Абдураҳмон. Мо ангуштони худро газида, беовоз хандидем.

— Овози гурбаи лаънатиро шунидӣ? — пурсидам
ман.

— Корро расво накунад гуфта, хеле хавотир шудем, — гуфт Сергеев.

— Ҳа, вай гурбаи худамон буд, — гуфт бепарвоёна Абдураҳмон, — хеле кор дод-дия.

— Гурбаи худамон? — Ҳар ду ҳайрон шудем.

Абдураҳмон бо ангушти дасти росташ қафаси дилашро ишора карда гуфт:

— Мана ин акаатон гурба! Мияв-мияв...

пешина
аз 323
навбатӣ