Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Сирри ҳарбӣ чӣ дахл дорад дар ин ҷо? — китф дарҳам кашид лейтенанти калон.
— Зоғо гап назананду ба роҳам рафтан гирам гуфтам.
— Куҷо рафтани будӣ ту?
— Ба фронт меравам! — гуфт Чавлон.
— Ба фронт? — ҷиддӣ пурсид лейтенанти калон.— Туро кӣ фиристод? Ба фронт ин тавр намефиристанд.
— Худам хостам. Ба ҷони падарам рафта... — дигар чизе гуфта натавонист Чавлон.
— Гиря накун, укоҷон, — гуфт Ҳасанҷон. — Оё аскари ба фронт мерафтагӣ гиря мекунад? Кӯдакҳо гиря мекунанд. Падари ту диловари ҳақиқӣ буд. Вай қарзи дар назди халқу Ватан доштани худро бошарафона ба ҷо оварда, қаҳрамонона ҳалок гардид. Ту ва тамоми авлодат метавонӣ бо ин гуна падар фахр кунӣ!
— Падарат, Абдураҳмон, ҳанӯз рӯзи якуми ба хатти фронт даромаданаш диловарӣ нишон дод. Командирон шод шуда, ба ӯ раҳматнома эълон карданд. «Агар ҳамин тавр ҷангӣ, мо туро ба орден пешниҳод мекунем», гуфтанд. Баъди ду рӯз ҳамаро ғун карда, командир пурсид:
— Кӣ ба разведка меравад?
— Ман! — аз ҳама пеш ҷавоб дод Абдураҳмон.
— Дурусттар фикр кун, — ба вай озмоишкорона назар афканд командир, — супориш ниҳоят ҷиддӣ. Ту бошӣ, ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надорӣ.
— Меравам! — қатъӣ гуфт Абдураҳмон...
Супориш чӣ хел буд ва Абдураҳмон онро чӣ хел иҷро кард, намедонам. Фақат ҳаминашро донистам, ки ба ӯ баъди иҷрои супориш медали «Барои шуҷоат» доданд.
Боре Абдураҳмонро аз нав ба разведка фиристоданӣ шуданд. Гуфтанд, ки ба паҳлӯяш боз ду каси дигар даркор, хоҳишмандон се қадам ба пеш бароянд. Ман ва Сергеев ном як ҷавон баромадем. Он вақтҳо сержант будам. Ба курси лейтенантӣ нарафта будам.
Хӯш, супориш гирифта, ҳар сеямон рафтем. Ҳаво торик шуда буд. Абдураҳмон, ки дар разведка аллакай таҷриба ҳосил карда буд, аз мо даҳ-понздаҳ қадам пештар мерафт. Бо имою ишораи ӯ мо гоҳ ба замин «чалпак»
мешудем, гоҳ хаму рост шуда пеш мерафтем. Абдураҳмон ишора кард, ки гавак кашида, ба он тарафи роҳ гузаштан лозим. «Якто-якто мегузарем», гуфта фаҳмонд ба мо. Худаш дар ҳавзи ором шино кардагӣ барин моҳирона мехазид. Ба ҷое расида, худро ба хандаке ҳаво дод.

пешина
аз 323
навбатӣ