Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фаҳмам гуфтам, ки шумо ҳастед ё не. Агар бемалол бошад, як ҷой фармоед, дӯстам.

Сержант аз пештахтан тиреза чойнаки қирмизии серкадокро гирифта ва аз кисааш пул бароварда, ба Чавлон ишора кард. Ҳар ду аз кабинет баромаданд. Сержант чойнаку пулро ба дасти Чавлон дод ва сӯеро ишора карда, бо овози баланд ва имою ишора гуфт:

— Ҳо, дар он кунҷ чойхона ҳаст! Мефаҳмӣ чой-хона! Рафта чой гирифта биё! Тез бош!

Чавлон бо хурсандӣ сар ҷунбонда тозон рафт.

Дар пушт борҳалта, бо ду багаласо лейтенанти калон, аз паси вай лейтенант омаданд. Сержанти милиция меҳмони навро ҳам чун ошнои дерина ба оғӯш кашида пешвоз гирифт. Лейтенанти калон эҳтиёткорона қадам мезад, дасту пояш меларзид. Барҳои аз остона гузаштан каме азоб кашид. Сержанти милиция зуд рафта, аз багали меҳмон дошт ва ӯро оҳиста ба диван шинонд.

— Раҳмат, додарам! — гуфт лейтенанти калон бағал-асоҳояшро ба паҳлӯи диван гузошта. — Дар ин ҷо як дӯстам ҳаст, дида наравем намешавад гуфтанд. Омадем-дия. Ҳар дуямон се моҳ дар госпиталь хобида, бародар шуда мондем. Аз Челябинск ба Магнитогорск рафтем. Аз он ҷо мана ба ин тараф.

Дар даст чойнак аз дар Чавлон даромаду лейтенанти калон гапашро гум карда, ҳангу манг шуда монд. Сержант ҳайрон шуд. Чавлон чойнакро ба сержант супурда хост, ки қафо гашта, ба ҳараки дар гӯшае истода рафта шинад. Аммо лейтенанти калон аз ҷояш нимхез шуда, бо ҳаяҷон фарёд кард:

— Чавлон! Магар маро нашинохтӣ?! Ман ҳамсояатон Ҳасанҷон!

— Акоҷон! — тирвор рафта, худро ба багали лейтенанти калон партофт Чавлон. Ҳар ду дуру дароз бӯсо-бӯсӣ карданд. Лейтенанти ҳарбӣ ва сержанти милиция китфҳошонро дар ҳам кашида, моту маҳбут монданд.

— Аҷиб-ку-а?! — бо завқ хандид лейтенант.

— Исто! — аз китфи Чавлон дошт сержанти милиция. — Ту забон доштай-ку! Чаро худро ба гунгӣ андохтӣ?

— Худро ба гунгӣ андохт? — бо завқ пурсид лейтенанти калон. Сержант воқеаро сар то по нақл кард. — Оббо, шайтонча-е! Аз ин ҳама кор мебарояд! Лекин фақат кори нағз! Хайр, дар ҳақиқат чаро худро ба гунгӣ андохтӣ? Гапатро кушода гуфтан гир-дия.

— Ин сирри ҳарбӣ, — хандид Чавлон.

пешина
аз 323
навбатӣ