Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чавлон маъюсона сар ҷунбонд.
— Ман ҳамаи ин хурӯсчаҳои бодпоро нағз медонам. Лекин туро бори аввал мебинам. Ту нав барин. Кай омадӣ ба ин ҷо? Аз кадом тараф омадӣ?

— ...
— Аз кадом шаҳр омадӣ? — бо овози андак баландтар пурсид сержант.

— ...
— Чаро гап намезанӣ? Ё онҳо забонатро ҳам канда гирифтанд? — сержант ба рӯи Чавлон нигарист. — Наход, маҷоли гап задан ҳам надорӣ?

Чавлон китфҳояшро дарҳам кашида, худро ба гунгӣ андохт.

— Ту гунгӣ? Бало занад, бо ин аҳвол туро кӣ мондааст, ки бо бачаҳои оворагард ҳамроҳ шавӣ? Ҳе, безабони нодон!

Сержант бо забони гунгҳо бо имою ишора гап занад ҳам, ягон ҷавоб гирифта натавонист. Вай Чавлонро аз бағалаш гирифта, рост ба шӯъбаи милиция овард. Кисаҳои Чавлонро таку рӯ карданд. Аз кисааш ҳамагӣ панҷ конверти секунҷа ёфтанд. Ҳайрон шуданд, ки мактубҳои фронтӣ дар кисаи гунгбача чӣ кор мекунад? Аз бағалкисааш як ситорачаи пилоткаи аскарӣ баромад. Чавлон бо абчирию чолокӣ ситорачаро кашида гирифт. Сержант хандиду зиддияте накард.

Ба кабинет як лейтенанти қоматбаланд даромад. Баробари дидани сержанти милиция дод зада фиристод:
— Ошноҷон!

— Оббо, додарам-е, сиҳат-саломат омадӣ? — дасти меҳмонро сахт фишурда истода, пурсид сержант. — Ман гумон кардам, ки боз як-ду моҳ мехобӣ.

— Омадам, дӯстам, омадам! Лекин муваққат, дӯстам. Ҳоло аз дигар госпиталь омадам. Аз шаҳри Магнитогорск... Як моҳ дар хона дам мегираму боз ба фронт бармегардам.

— Ҳеле хуб, ҷӯраҷон, ҳеле хуб!
— Ҳамроҳи ман як лейтенанти калон ҳам ҳаст, дӯстам. Аз комиссия илтимос кардам, ки ҳар дуямонро баробар ҷавоб диҳад. Зеро ӯ пой надорад. Ман ваъда додам, ки ӯро ба Хуҷанд бурда, баъд ба Тошканд меравам. Барои ҳамин духтурҳо ба ман ҳам барвақттар ҷавоб доданд.

— Канӣ, он кас? — пурсид сержанти милиса, берун баромаданӣ шуда.
— Ҳозир худам гирифта меоям, — гуфт меҳмон, — аввал

пешина
аз 323
навбатӣ