Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— «Ҷанобашон» аз куҷо омада истодаанд? — тамасхуромез пурсид бачаи қаддарозе.
— Илтимос, ба ман нарасед, ман ба фронт рафта истодаам! — илтиҷоомез гардан қаҷ кард Чавлон.
— Оҳ-ҳо, «ҷанобашон» ба фронт мерафтаанд! — қох-қох зада хандид якбора чанд кас. Баъд ҳамон бачаи аввала пурсид: — Дар фронт кисаи кадом аскарро мезанӣ, аҳмақ?
— Ҷӯраҳо, аз ростӣ ман ба фронт рафта истодаам!
— Фиреб накун! Кисаи чанд касро задӣ? — дӯғ зад бачаи дигари миёнакаду чаққоннамо.
— Ҳеҷ касро!
— Муғамбирӣ накун! Пас, чаро дар поймонаки поезд омадӣ?
— Билетам набуд.
— Кисабур билет мегирад магар?
— Охир, ман кисабур нестам!
— Ту баринҳоро нағз медонем. Фиребро мону пулро барор, пулро! Набошад...
— Қасам мехӯрам, ман...
— Занед!
Бо ишораи сардор якбора чанд нафар ба Чавлон ҳамла карданд. Чавлон гурбачаи таги пошуда барин аз шиддати лагадборон аввал то будани овозаш фарёд заду баъд хомӯш шуда монд.
— Кифоя! — фармон дод сардор ва худ кисаи Чавлонро кофт. Ҳамагӣ шасту шаш тин пул ёфту ба кисаи худ зад. Аз кисаи дигараш якчанд мактуб ёфт, ба ин тараф-он тарафаш нигариста, боз ба ҷояш гузошт. Мактубҳо аз фронт омада буданд. Чавлонро лозим буд, ки ба соҳибонаш бурда расонад. Дар болои ҷаҳл ба истгоҳ баромаду инро фаромӯш кард. Сардор тоқии чоргулаи Чавлонро гирифт, ба сараш пӯшид ва аз они худро, ки аз ҷойҷӯшқапак чиркинтар буд, ба назди ӯ партофт. Милитсионери аз дур давида ояндаро дида, сардор хуштак кашид, «навкаронаш» зуд пароканда шуданд.
Чавлонро ҳолати аз ҷой хестан набуд. Аз зарби шаллоқ тамоми баданаш сӯзиш мекард. Сержанти милиция ӯро аз замин хезонд ва либосашро афшонда истода пурсид:
— Чӣ гап?
— ...
— Аз куҷо омадӣ?
— ...
— Сахт заданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё