Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Чавлон ба мӯйсафед наздик шуду аммо ба пурсидан ҷуръат накард. Шарм дошт. Ду-се маротиба аз назди ӯ гузашт. Ҳар навбат пурсидани мешаваду боз намешавад. Мӯйсафед аз ин рафтори бача хавотир шуд. Гумон кард, ки аз бачаҳои оворагард асту бӯҳчаи дар дасти ӯ бударо дид карда истодааст. Бинобар ин, бӯҳчаашро бағал карда, худро ба даруни издиҳом зад.
Ҳамин тариқ, Чавлон ба чанд каси дигар наздик мешуду ё ҳодисаи аввала такрор меёфт, ё ба пурсидан ҷуръат намекард. Охир, аз гап-гапи мардум пай бурд, ки ба сӯи фронт бо поездҳои ба тарафи рост раванда рафтан мумкин.
— «Меравам, — қарор дод Чавлон, — ба ҳамин тараф чӣ хел поезд равад, рафтан мегирам. Пурсида-пурсида меравам. Даҳ хел поезд бошад ҳам, майлаш, сад хел бошад ҳам!».
Чандин поездҳои боркашон бо шитоб гузашта рафтанд. Баъд аз чанде як поезди одамкашон омада истод. Чавлон ба дари кадом вагон наравад, пур аз одам. Ягона вагони камодамро дида шитофт.
— Билет?! — бо овози ғафси хиррии қаҳромез пурсид роҳбалади вагон, пиразани лоғар.
— Ман ба фронт меравам! — илтиҷоомез гуфт Чавлон.
— Магар девонаӣ? Ин поезд ба фронт немеравад.
Боз чандин поездҳои тезгузар ва ду поезди одамкашон гузашта рафтанд. Танҳо нисфишабӣ ба Чавлон муяссар шуд, ки ба поймонаки яке аз поездҳои одамкашон савор шуда гирад. Азбаски бори аввал ба поезд савор шуда буд, сардӣ ва гуруснагиро ҳис намекард. Фақат чашмашро пӯшида, аз дил мегузаронд, ки дар зарфи чанд рӯз ба фронт мерасида бошад!
Ҳангоми тормоз додани поезд Чавлон як қад парида, чашмонашро кушод. Шунида буд, ки истгоҳи роҳи оҳани Урсатювесткӣ аз истгоҳи Ленинобод калонтар ва сермағалтар аст. Дар ҳақиқат дар ин ҷо замин кафида, одам рӯида будааст. Чунон мағал, ки чӣ хеле ки мегӯянд «саг соҳибашро намешиносад».
Ҷавлон аз перрон дуртар рафта, истгоҳро тамошо мекард. Фурсате нагузашта, гурӯҳи бачаҳои либосҳои ҷандапӯшида ӯро миёнагир карданд. Афту андоми онҳо масхарабозбачаҳоро мемонд. Чавлон ҳайрон шуд. Чӯҷачаи очагумкарда барин чӣ кор карданашро надониста, сарак-сарак шуда монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё