Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

навиштанд. Ин вазифаро аъзои комсомол Ҳомидҷон ба ҷо овард. Мошину аробаҳо ба сӯи комбинати консерви шаҳр равон гаштанд, дар болои автомашинаи пеши корвон сатрҳои зерин навишта шуда буд: «Барои фронт, барои ғалаба!»

БАРОИ ҒАЛАБА!

Оре, ҳама мехоҳад дар ғалаба бар душмани ғаддор саҳме гузорад. Виҷдони Чавлон ҳам ба ҳамин мақсад водораш карда буд. Ана, бо ҳамин умед ӯ ба комиссариати ҳарбӣ даромада буд. Афсус, ки аз дари идораи комиссариати ҳарбӣ ниҳоят маҳзус баромад. Ҳа, чунон ғамгин баромад, ки ҳеҷ кас ӯро дар ин ҳолат надида буд. Ӯ бачаи ҳамешабаҳор аст. Як фурсат ҳафа шавад, гӯё пуфак барин торс мекафид. Имрӯз бошад... Маълум шуд, ки капитан Сергей Васильевич хоҳиши Чавлонро рад кардааст.

Ба Чавлон хеле алам кард. Ба болои ин... хабари мудҳиш! Фашистони лаин ӯро аз падар маҳрум карданд. Аз ин рӯ Чавлон қасам ёд карда буд, ки худи ҳозир ба фронт мераваду халос! Азбаски дар ин ҷо «тираш хок хӯрд» рост роҳи истгоҳи роҳи оҳанро пеш гирифт.

Истгоҳи роҳи оҳан пур аз одам, пур аз мағал. Ҳама шитоб мекарданд, тез-тез, баланд-баланд гап мезаданд. Баъзеҳо аз саросемагӣ пои бачаҳоро зер мекарданд, бору бӯғчаҳои онҳое, ки шитоб доштанд, ба одамон дакка мехӯрданд. Ҳамдигарро дашноm медоданд, ҳатто ҳақорат мекарданд. Барои Чавлон ин манзара тамоман ғайриоддӣ намуд. Ӯ панҷ дақиқа ҳам тоқат карда натавониста, бо азобу машаққат худро ба канор гирифт.

Аз ду тараф поездҳо фаш-фашкунон меоянду мераванд. Баъзе поездҳо дар истгоҳ наистода, шамол барини гузашта мераванд. Чавлон ҳайрон мешуд. Чаро инҳо монандӣ поездҳои дигар дар истгоҳ истода, дам намегиранд? Дар болояшон аскарҳои милтиқдор рост меистоданд.

— «Поездҳои рост ба фронт мерафтагиаш ҳампиҳо бошанд?» — аз дил мегузаронд Чавлон. — Намеистанд-ку. Одамони ба фронт мерафта бо чӣ мераванд? Агар меист-од, ман ҳам илоҷе карда, савор шуда мегирифтам. Ё дар дигар ҷо меистода бошад? Аввал ҳаминро аниқ карда гирифтан даркор. Чӣ тавр? Беҳтараш аз ягон кас ме-пурсам. Ҳо, аз ана вай мӯйсафед».

пешина
аз 323
навбатӣ