Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фронт рафтан хоҳад, пагоҳии барвақт дар Сойча ҳозир шавад!..

— Маро ҳам мегирифта бошанд? — пурсид Абдулло.
— Туро намегиранд. Биниитро пок карда наметавонию, — луқма партофт Воҳид шӯхиомез.
— Хомӯш! Воҳид, ҳозир вақти шӯхӣ не, вақти санҷиш, — огоҳ кард Ашӯр. — Ҳамаи ҳунаратро дар фронт нишон медиҳӣ!
— Маро хурсол намегӯянд? — пурсид Чавлон.
— Аризаро боб карда нависӣ, албатта, мегиранд, — фаҳмонд Ашӯр. — Ҳеҷ набошад, тиркашонӣ мекунам, гуфта навис. Фаҳмидӣ? Тиркашонӣ!
— Аввалаш ин, ки, — ба гап ҳамроҳ шуд Олимбобо-саркор, — ҷанг ҳам бе хӯроку бе либос намешавад. Ин чизҳо аз куҷо пайдо мешаванд? Аз ақибгоҳ. Кӣ тайёр мекунад? Одамон! Барои ҳамин ба ин ҷо ҳам одам даркор.
— Ман гуфта니아м, ки мехостагиҳо аризаашонро навишта, ба як кас диҳанд. Вай ҷамъ карда, ба военкомат барад, — гуфт Эргаш.
— Э, ба иродаат қоил ман-е! — ба китфи Эргаш тап-тап зада монд Чавлон. — Барои ба военкомат рафтан ҷуръат надорию боз ба фронт мерафтаанд! Ба стансия ҳам рафта наметавонӣ!
— Номаъқул кардӣ, бинии! Ман кор намонад гуфта истодаам, — аз хиҷолат сурх шуд Эргаш. — Ҳамаат аризаатро ба ман деҳ, мана ман мебарам!
— Парво накун, Эргаш, Чавлон худашро дар назар дорад, — хандид Воҳид. — Дишаб дар хобаш милтиқ андохта, қариб заҳракаф шудааст.
Хайда баланд шуду зуд хомӯш гардид.
— Дигар такрор нашавад! Ҳама ба кор! Аз ҳаррӯза нағзтар бояд кор кунем!.. — гуфт қомотряд.
Ҳама аз тахи дил ба кор часпид. Дастони чаққон чунон ба ҳаракат даромаданд, ки Галамайдон монандашро надидааст. На фақат чапаевчиён, балки роҳгузарон низ бо шитоб зардолу мечиданд. Ҳатто Робия-холаи сергап ҳам лому мим нагуфта, зардолу мечид, сатил мебардошт.
Он рӯз супориши зардолучинӣ барвақт иҷро шуд. Вале ҳеҷ кас аз Галамайдон рафтан намехост. Бачаҳо то фурӯравии офтоб боз зардолу чиданд. Зиёда аз супориш ба ду автомашинаю чор фургон қуттиҳои пур аз зардолу бор карда, корвон ташкил намуданд. Корвонро худашон гирифта рафтанӣ шуданд. Ба се метр матои сурх транспорант

пешина
аз 323
навбатӣ