Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Раҳмат, рафиқ командир, — хурсанд шуд Маҳмудов.
— Аммо гуноҳро фаромӯш накунетон! Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам, рафиқ командир, фаҳмидам!
— Олим ҳам мергани зӯр будааст-дия-а? — табассум намуд командир.
— Ҳа, қоил шудам. Ҳақиқатан аз ман зӯр будааст, — гуфт Маҳмудов. — Охир, падараш ҳам шикорчии зӯр буд-ку. Ягон тираш хок намехӯрд. Рӯбоҳро фақат аз фуқаш меандохт. Худи Олим ҳам паррандаи паридаистодаро зада меафтонад.
— Шуд. Вақто ки ту қоил шудӣ, дигар ҳоҷати гап не. Хайр, ба ӯ як милтики шикорӣ тақдим мекунам! Исто, исто! Майлаш, ба ҳар сеятон ҳам яктоӣ милтики шикорӣ! — ниҳоят хурсанд шуд командир. — Рав, ҳар дуяшро ба назди ман гирифта биё!
Олим ва Бобоҷонро гирифта меоянд. Командир ҳар ду ҷавони хушкадуқоматро ба оғӯш кашида мебӯсад ва ба ҷанговарон нигариста нидо мекунад:
— Шинос шавед, се нафар ҷанговари матинии отрядамон понздаҳ нафар душманро замин газонданд! Аз номи штаб, аз номи худ, аз номи ҳамаи шумо ба ҳар сеяшон ташаккур баён карда, бо яктогӣ милтики шикорӣ сарфароз мегардонам! Ура, рафиқон!
Баъд саркор нақл кард, ки милтиқандозиро чӣ тавр омӯхт.
...Шайпурнавоз «бонги изтироб» навохт. Дуртар аз ин ҷо будаҳо давиданд. Дар болои зардолу будаҳо саҳл-саҳл поёнтар фаромада, худро ба замин партофтанд. Дар як фурсати кӯтоҳ ҳама дар як ҷо ҷамъ шуданд. Ин гуна ҳолатҳо бисёр мешуданд. Аммо «бонги изтироб»-и имрӯза ба назари бачаҳо дигархелтар, ҷиддӣ ва воҳиманоктар менамуд.
— Саф кашед! — баланд шуд фармони командир. Ҳама зуд ба ду қатор саф оростанд. — Смирно! Вольно!.. Гап ин тавр, — гуфт Ашӯр. — Мо ҳамаамон қасам ёд карда будем, ки агар душман ба Ватанамон ҳуҷум кунад, ба дастамон милтик гирифта, зуд ба мудофиаи Ватан мешитобем, рафта, душманро торумор мекунем. Акнун мо аскарони ҳавасӣ не, аскарони ҳақиқӣ! Бояд ҳар як соату ҳар як дақиқа тайёр истем. Аллакай Каримҷон ариза навишта, ба райвоенкомат рафт. Маро зуд ба фронт фиристонед, гуфта навиштааст. Ман ҳам ин шаб ариза навишта, пагоҳӣ меравам. Кӣ ихтиёрӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё