Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
аз сар гузаронидааш як-як аз лавҳаи хотираш мегузаштанд.
... Отряди ихтиёриён босмачиёнро то даруни кӯҳҳо пеш карда рафт. Дар кӯҳ ҷангҳои сахт шуд. Рӯзе хабар омад, ки босмачиён аз дара ба ҳуҷум мегузаранд. Ихтиёриён дар ҷои ниҳоят қулай сангар гирифта буданд.
Ҷанговарон «меҳмонон»-ро хеле мунтазир шуданд. Аммо на аз «меҳмон» дарак буду на аз разведкачиён. Баръакс овози дутарафаи тирпарронӣ ба гӯш расид. Ихтиёриён ба ҳайрат монданд. Охир, дар ин атроф ғайр аз инҳо отряди дигар набуд. Пас тирпарронӣ аз куҷо?
— Тезтар қадам мон! — ба одами ба сӯяш омада истода ишора кард командир ва худаш ҳам ду-се қадам пеш рафт.
— Разведкачӣ Маҳмудов ба фармонатон тайёр! — даст ба чакка бурд ҷавони хушкадду қомате.
— Чаро маълумоти нодуруст додӣ, хумпар?! — бо ғазаб пурсид командир.
— Маълумоти нодуруст надодаам, рафиқ командир!
— Пас чаро душман наомад?
— Омад. Худи мо ба ҷаҳаннам фиристодем.
— Ман чӣ хел супориш дода будам?
— Душман аз кадом тараф меояд ва чанд нафар, фаҳмида зуд хабар деҳ, гуфта будед. Мо...
— Чаро супоришро иҷро накардӣ?
— Диламон гувоҳӣ дод, ки...
— Супоришро чаро иҷро накардӣ мегӯям?!
— Мебахшед, рафиқ командир. Мо... мо...
— Барои ин гуноҳат ҷазои сахт доданам даркор буд. Афсӯс, ки шароит вазнин, — даст афшонд Ҳайдар Усмонов. — Хайр, бало ба пасаш! Гап зан!
— Ману Олим ва Бобоҷон маслиҳат кардем, ки Бобоҷон фақат ба милтиқҳо тир ҷо карда медиҳаду ману Олим якто-якто чидан мегирем. Аввал даҳ нафар пайдо шуд. Ҳафтояшро замин газондем. Се нафараш гурехту боз ҳафт нафар шуда пайдо шуд. Инҳоро ҳам аз паси рафиқонашон фиристодем. Сонӣ, дере мунтазир шудем. Баъд якто-якто мефаромадагӣ шуд. Худи Олим замин газондан гирифт.
— Ин дафъа аз гуноҳатон мегузарам. Лекин такрор кунетон, ба трибунали ҳарбӣ месупорам! — гуфт Усмонов. — Худсарӣ ба қурбонҳои калон бурда мерасонад. Супориши ҷангӣ қонун аст. Ин коратон қаҳрамонӣ нест! Ман ба штаб хабар медиҳам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё