Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ӯ бо Чавлон бахсмабахс мерақсид. Кӯшиш мекард, ки зӯртару чолоктар будани худро намоиш диҳад. Мусобиқа хеле давом кард. Бача қариб ҳамаро қоил карда буд. Чавлон инро пай бурда, нағмаашро сар кард. Рақси ширинкорӣ намуда, дар давоми рақс овози мурғони гуногунро иҷро кардан гирифт. Ҳангоме ки хурӯс шуда чер зад, хурӯси бача аз дасти ҷавонзан баромада гурехт. Бача аз паси хурӯсаш давид. Ҳангоман Ғаламайдон ба тамоми деҳа паҳн мешуд.
ХАБАРИ НОХУШ
На танҳо нохуш, балки мудҳиш! Бачаҳо ин хел хабари даҳшатнокро дар умрашон нашунида буданд. Шояд оварандаи хабар худи Ашӯр ҳам онро бори аввал мешунид.
Бачаҳо аввал ба гапи Ашӯр бовар накарданд. Ҳар кадом такрор-такрор мепурсиданд:
— Ҷанг?
— Кӣ ҷанг сар кардааст?!
— Оё рост аст?!
— Ба ман бовар кунед, ман комсомол-ку! — Ашӯр бо камоли ғазаб велосипедашро ба як сӯ ҳаво дода, бо овози ларзону хиррӣ давом намуд:
— Ҷанг сар шудааст, ҷанг! Фашистони Германия ба мамлакати мо ҳуҷум сар кардаанд!
Хомӯшӣ ҳукмфармо гашт. Ҳама сукут карда монд. Пиразанҳо ба сарашон зада, оби дида мерехтанд. Саркор бо андӯҳ сар меҷунбонд. Робиа-холаи сергап, ки дар паҳлӯи саркор нишаста, ғур-ғур мекард, алами Мӯсоро аз Исо гирифтанӣ шуд:
— Мана, оқибати аскарбозии шумо! — бо овози хиррию ларзон дӯғ зад ӯ. — Чанд бор гуфтам: Хой, тирмизакҳо, ин хел нияти бад накунетон, нияти бад балои бад меоварад! Гӯш накарда, аскарбозӣ кардетон, ҷангбозӣ кардетон! Ана, оқибаташ!
— Ҳо кони ҷоғ! Дам мешинед ё не? — Олимбобо-саркор бо камоли ғазаб аз ҷояш хеста, ба сари Робиа-хола дод зад. — Ҷангро кадом як номард сар мекунаду шумо бачаҳои бегуноҳро ҳафа мекунед! Нағз кардаанд инҳо! Ватанро ҳаминҳо ҳимоя накунанд, кӣ ҳимоя мекунад?
Олимбобо хаёл карда монд. Ин дам воқеаҳои ҷангии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё