Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

задан гирифтанд. Чавлон бо завқи том ба рақс даромад. Ӯ лабҳояшро қаҷ кардаю китфашро парронда, ба ҳар кас алоҳида мақом мекард.
— Ӯҳ-хӯ-ӯ, гӯё ягон сабад зардолу чидагӣ барин-а! — киноя кард Муҳиддин. — Худо туро ба найранг офаридагӣ!
— Ба гарданғафе рақс ҳам намезебидааст. Ҳамту не, Абдувоҳид? — ришханд кард Эргаш.
— Чавлон, беҳтараш ту ба ҳавои танбалхоҷа рақс кун! — гуфт Воҳид. — Набошад, аз як қабат гӯштат мефарояд!
Ҳама хандиданд. Чавлон тоҷи хурӯс барин сурх шуда бошад ҳам, худро ба нодонӣ зада, рақсидан гирифт.
Инро Олимбобо-саркор фаҳмид. Ӯ зуд ба миёни давра фаромада, Чавлонро аз рақс боздошту як дасташро ба китфи ӯ партофта, ба ҳозирон гуфт:
— Аз имрӯз Чавлонро кӣ танбал гӯяд, худаш танбал:
Пагоҳии барвақт омада будам. Бинам, дар тағи ана вай зардолу чор барак болои ҳам истодааст. Кадом як бефарқ — аъзои бригадаамон партофта рафтааст-дия, гуфта хафа шудам. Не, бинам, зардолуи нав. Ҳайрон шудам. Боз стахановчии нав баромадааст-дия, гуфта аз дил гузаронидам. Рафтани будам, ки... овози қурбоққаи чӯлӣ ба гӯшам расид. Истам, меистад, дуртар равам, боз кур-кур. Ҳа, гуфтам, кадом як нағмагар будагист. Оҳиста кофтуков кардам. Ин тараф равам, кур-кур, он тараф равам, кур-кур. Охир ёфтам. Ҳамин Чавлони нағмагар будааст. Қанд зан, гуфтам, масхарабози боғайрат!
— Ин куррас карда гашта бошад, зардолуро шояд модараш омада чида бошад? — пичинг кард яке аз холдонон.
— Не, худаш чидааст. Модараш дина ба Сталинобод рафта буд.
— Ин тавр бошад, дар бедорӣ чида бошад ё дар хоб?
— Боварӣ дорам, ки худаш чидааст, — боз бо ҷиддият гуфт саркор.
Аз патефон оҳанги «Найрез» баланд шуд.
Чавлон аз нав ба рақс даромад. Бачаҳои дар поён буда ӯро давра гирифтанд. Дигарон аз болои дарахт истода, ба оҳанг чӯр шуда, чапак мезаданд. Роҳгузарон ва ҳамсояҳои ҳангоматалаб омада, ба базм ҳамроҳ шуданд. Як бачаи шӯхнамо, ки хурӯси кулангӣ дар бағал дошту халтае дар даст аз бозор бармегашт. Хурӯсашро ба ҷавонзани дар паҳлӯяш буда дода, ба рақс даромад.

пешина
аз 323
навбатӣ