Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ҳанӯз гум мезанад, — ба тарафи Воҳид қаҳролуд нигоҳ карда монд.
— Ба ту ин ҳам кам, — гуфт Ашӯр, — ман бошам, даҳ маротиба чарх мезанонидам. Андак ба тартиб даромада мемонди.
— Ҷазо додан гурехта намеравад, — гуфт Карим ва аз Чавлон пурсид: — Нақора кани?
— Кафид.
— Ин кас, — фаҳмонд Неъмат, — найрангбозӣ мекунам гуфта, каллаашонро ба болои нақора монда, ду пояшонро ба осмон карданд, нақора паққӣ кафидаасту калла гӯтида, бинӣ дармондааст. Сабаби варами бинии нозукашон ҳам дар ҳамин...
— Сафсатаро монед, ба ҷоятон равед!.. Отряд, саф каш!!!
РӮЗИ ДИГАР
Субҳи рӯзи дигар чапаевчиён қариб як соат машқи роҳгардӣ гузаронида, баъд аз паи зардолучинӣ шуданд. Ҳар як аскар бояд камаш сад килограмм зардолу чинад. Плани отряд чор ҳазор килограмм!
Зардолузори калонтаринро Галамайдон меномиданд. Вай аз маркази колхоз ҳамагӣ ним километр дуртар буд. Аз паҳлуяш кӯчаи калони Ева — Москва мегузарад. Галамайдон шояд дар умраш монандӣ имрӯза одами бисёрро надида бошад. Ба ҳар як зардолу қариб дунафарӣ рост меояд.
Махсусан, хурсандии Олимбобо-саркори ҳадду канор надошт. Дар зери ҳар як бех зардолу ду-се қошуқдонсабаду сатил бо арғамчин ба дарахт беором болову поён шуда, баракҳоро тез-тез пур мекарданд. То нисфи рӯз се фургон баракҳои пур аз зардолуи «бобой» ба комбинати консерв равон карда шуд.
— Ана кору мана кор, — хурсандона табассум намуд Олимбобо-саркор бачаҳоро таъриф карда. — Ҳамаат мактабро тамом кунӣ, рост ба бригадаи ман меоӣ. Бригадаи стахановчиён ташкил мекунем. Маъқул? Ҳа, боркалло! Вақти хӯрокхӯрӣ ҳам шуда монд. Комилҷон, шумо патефонатонро меовардагӣ будед, ба назарам-а?
— Мирзорашид овардааст, — гуфт табелчӣ Комилҷон. — Ман картаҳои навамро овардам. Агар бачаҳо нарақсанд, гашта гирифта меравам.
Бачаҳо «Мошобаҷон, мошоба» гуфта, бо як зарб чапак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё