Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бачаи миёнакади рӯйкалон се қадам пеш баромад.

  • Номат чист?
  • Воҳид.
  • Чаро гап задӣ?
  • Ана вай Бини...
  • Бинииат кӣ?
  • Чавлон Бинӣ!
  • Минбаъд номашро гирифта гап зан. Лақаб монӣ, — чора мебинам! — огоҳ кард командир. — Хӯш, сабаби гап заданат?
  • Ана, вай Чавлон қасдан ҷанг карда меравад. Лагад ҳам мекунад, — гуфт Воҳид.
  • Ҷанговар Чавлон! Се қадам ба пеш!
    Чавлон пеш баромад. Гӯё чизе рӯй надода бошад, худро ба нодонӣ зад.
  • Чаро бетартибӣ кардӣ?
  • Э, дурӯғ мегӯяд. Ман не.
  • Пас кӣ?
  • Худаш.
  • Чаро худаш?
    Чавлон ботинкаи Воҳидро ишора карда хандид. Дар ҳақиқат таги ботинкаи ӯ ҷудо шуда, ба лаби шутур монанд шуда буд. Ҳангоми роҳгардӣ тақҷармаш белҷа барин хокро пош медод. Вайро дида худи Чалолов ҳам қариб хандида буд. Аммо худашро даст гирифт.
  • Айби худат барин-ку! — гуфт ӯ ба Воҳид.
  • Не, рафиқ командир, ботинкаам дарида бошад ҳам, хок намепошад. Ман бо навдаи тут маҳкам бастагӣ! — фаҳмонд Воҳид ва каме роҳ гашта нишон дод, — Мана, бинед!
  • Рост мегӯяд! — гапи ӯро қувват дод Муҳиддин.
  • Хӯш, — ба Чавлон наздик шуд Чалолов, — канӣ, шип ба ин ҷо! Мӯзаатро каш!
  • Мӯзаамро кашам?
    Командир маҷбур кард, ки ҳар дуяшон пойафзолашонро иваз кунанд.
  • Акнун давида, атрофи бинои мактабро се маротиба чарх мезанӣ! — фармон дод командир. Ҳама хандиданд.
  • Дигарон хомӯш!... — Канӣ, иҷро кун!
    Чавлон фармонро ба ҷо овард.
  • Гӯр ботинкаат шавад, — тез-тез нафас кашида, базӯр гуфт Чавлон, — Меҳаш ҳам баромадагӣ будааст. Ба ангушти поям даромада, чунон азоб дод, ки дилам
пешина
аз 323
навбатӣ