Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Ханда аз сари нав баланд шуд. Ашӯр ҳам ба хандаи умум ҳамроҳ шуд.
— Фаромӯш накунед, соати ҳафти пагоҳ ҷамъ мешавем! — ҳамаро огоҳ кард Карим...
БОНГИ ИЗТИРОБ
Баробари шунидани овози шайпур бачаҳо сӯи Сойча мешитофтанд.
Имрӯз ҳама ҳозиранд. Ҳатто Саидҷон-кашола ҳам расида омадааст. Ӯ ҳамеша қафо мемонд. Баъд оҳиста ба охири саф омада меистод. Дигарон писханд мезаданд. Саидҷон шарм дошта, сарашро ҳам мекард. Дар ҳақиқат худаш бачаи суст. Одами нимҷон барин қадам мемонад. Аз ин рӯ, бачаҳо ба номи ӯ лақаби «кашола»-ро часпонда монданд.
Командирони взводҳо ба командири отряд рапорт доданд:
— Рафиқ командири отряд, взвод ба гузаронидани машғулияти навбатӣ тайёр!
— Вольно!.. Имрӯз машғулияти роҳгардӣ мегузаронем. Азбаски ба зардолучинӣ меравем, ба ҷои ду соат як соат машк мекунем. Машғулиятро собиқ аскари сурх Ҷӯра Ҷалолов мегузаронад. Ин кас баъд аз адо кардани хизмати Ватан, ба районамон баргашта, дар Осоавиахим кор карда истодаанд. Ба мо роҳгардӣ ва қисмҳои милтику пулеметро ёд медиҳанд, — фаҳмонд Ашӯр.
— Тирандозиро чӣ?
— Тирандозиро низ ёд медиҳанд.
— Салом, рафиқон ҷанговарон!..
— Салом!!! — ҳама баробар ҷавоб доданд.
Ҷалолов хушҳол шуд. Бачаҳоро як-як аз назар гузаронида, боз ба ҷояш баргашту гуфт:
— Фаромӯш накунед, ки ман рӯйхатирро намедонам. Дар армия ин хел гапҳо нест. Ҳама чиз аз рӯи устав. Фаҳмидед?
— Фаҳмида шуд! — гуфтанд бачаҳо.
— Фаҳмида ки бошед, диққат! Ба фармони ман гӯш кун, отряд! Направу! Шагом, марш! Як-ду-се! Чап! Чап! Як-ду-се! Чап! Чап!..
— Рафиқ командир, ин биниро бинед! — кадоме аз саф овоз баровард.
— Кӣ гап зад?! — пурсид командир оташин шуда. — Гап задагӣ се қадам пеш барояд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё