Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
тонна хушк кардан лозим. Ғайр аз ин комбинати консерв ҳам сад тонна тарашро мегирад. Ба банка-шишаҳо андохта, ба шаҳрҳои дур мефиристонад. Ана, барон ҳамин зардолуҳоро беозор канда гирифтан даркор. Назар ба афшондан ин кори душвор. Қувват бисёр набошад, намешавад. Сарам гаранг шуда, назди рансу партком рафтам. Маслиҳат доданд, ки ба шумо муроҷиат кунам. Гуфтанд, ки «фақат ба чапаевчиҳо муроҷиат мекунед. Онҳо аз ӯҳдаи ҳама кор мебароянд». Ҳеҷ набошад, ягон ҳафта ёрӣ мерасонидед.
— Майлаш, меравем! — гуфт Карим аз номи ҳама.
— Машқ чӣ мешавад? — пурсиданд баъзеҳо.
— Пагоҳӣ фақат роҳгардиро машқ мекунему ана баъд ба саҳро меравем, зардолу мечинем. Ин ҳам кори фоиданок-ку. Чӣ гуфтӣ? — ба Ашӯр нигарист Карим. Ашӯр норозӣёна рӯяшро тофта, дар зери лаб ким-чиҳо пичиррос зад.
Ҳама бо як овоз розӣ шуданд.
— Ҳа, ана, боракалло! — хурсандӣ кард Олимбобо-саркор.
— Охир, дирӯз хишоваи пахта гуфтанд, имрӯз зардолучинӣ, пагоҳ-пасфардо пахтачинӣ сар мешавад... Бо ин аҳвол машқи ҳарбинамон чӣ мешавад? — Ашӯр, ки затвори милтиқро тоза карда истода буд, бо қаҳр даст афшонд.
— Аз душвориҳо наметарсем, нагуфта будӣ? — ба гап ҳамроҳ шуд Воҳид. — Боз шон писари коммунисти кӯҳна будаанд!
— Чапаев аз ҳеҷ душворӣ наметарсид, — гуфт Карим.
— Командири мо камтар... Ҳа, чӣ буд?... — чашмашро пӯшида хаёл карда монд Неъмат.
— Буздил гӯй мон-дия! — бо завқ хандид Чавлон.
— Буздилат кӣ, Биӣ? — Ашӯр ӯро бо кундоки милтики Монте-Кристо заданӣ шуд. Воҳид зуд милтикро аз дасти ӯ кашида гирифта гуфт:
— Аслиҳаро одам ба муқобили душман кор мефармояд. Фаҳмидед, рафиқ комотряД?
Ҳама қоҳ-қоҳ зада хандиданд. Ашӯр аз шарм чӣ гуфтанашро надониста, милтики тозаро беихтиёр пок кардан гирифт. Чавлон бо ангушт биниашро хорида, истеҳзоомез гуфт:
— Ашӯр-ако, дар болои биннам пашша нишастааст, парронда метавонед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё