Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бачаҳо худро дошта натавониста хандиданд. Вале бо ишораи Эргаш Назар худро зуд ба даст гирифтанд.
— Харро зада ғалтондӣ, шишаҳои ҳар кадом панҷ-литраро шикастӣ, шир исроф шудааст, кампир маҷрӯҳ гаштааст, ту чӣ ёрӣ расонди?
— Охир, ӯ ду торсакӣ зад гуфтам-ку.
— Занад, думро хода кардӣ?
— Сахт зад-дия, — беихтиёр дасташро ба рӯяш бурд Чавлон.
— Ин нусха шарманда нашавад гуфта, тирамоҳ чор рӯз аз корам монда, ба ҷои ин пахта чида додаам-а! — афсӯсхӯрон сар ҷунбонд Шарафинсо.
— Пахтаи ҷаримавиро шумо чида будед?
— Ҳа, ман. Чӣ? Худам чидам гуфта буд?
— Ҳа...

ҚАВЛАШ РОСТ БОШАД?

Июн — моҳи якуми фасли тобистон. Гарчанд рӯзҳои гарм дар кишвари мо аз моҳи май сар мешавад, дар ин моҳ дараҷаи ҳаво ба авҷи худ расида буд.
— «Бигузор боз гармтар шавад! — мегӯянд мардуми кишвари офтобии мо. Ҳа, ҳаёту мамоти республикаи мо ба ҳавои гарм вобаста аст. Чӣ қадар гарм шавад, самараи боғу роғ ва дашту саҳрои мо ҳамон қадр афзунтар мегардад. Махсусан, «тиллои сафед»-ро намегӯед. Гармӣ паст бошад, ҳосили пахта ҳам паст мешавад. Ҳаво ҳар қадар гарм шавад, деҳқони пахтакор ҳамон қадар хурсанд мешаваду мегӯяд:
— Оҳ-оҳ, чӣ хел ҳавои нағз-а, ниҳоли пахтаро аз гӯшаш кашола мекунад-дия!
Нур ва гармии офтоб на танҳо ба пахта, балки ба ҳамаи зироат, дарахтон, ҳатто ба инсону ҳайвонот ҳам ҷон мебахшад. Одам чанд рӯз офтоб набинад, рангаш зард мешавад. Дарахту ниҳолҳо офтоб надида камнур, камҳосил, меваҳояшон бемаза мешаванд. Шарофати ҳамин аст, ки меваҳои сершираю шарбати Хуҷанд машҳури ҷаҳон гаштаанд. Хусусан зардолуҳои «кандак», «бобой», «мирсанчалӣ»-и ин ҷо дар таъму лаззат ҳамто надоранд. Онҳоро дар баъзе мамлакатҳо чун дору истеъмол мекунанд.
— Имсол ба Шарқи Дур зардолу мефиристем, — гуфт сардори бригадаи боғдорӣ Олимбобо-саркор, — панчоҳ

пешина
аз 323
навбатӣ