Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
таъкид намуд пиразан.— Росташро гӯй! Агар дурӯғ гӯӣ, дигар рӯйихотир намекунам! Инро дониста мон! Модарат кӣ будани маро нағз медонад! Ҳама медонад маро! Хайр, ман рафтам!
Пиразан лангида-лангида аз боғ баромад. Бо душворӣ аз кӯпрук гузашта, ба кӯчаи калон равон гашт.
Ҳама то аз назар ғоиб шудани ӯ аз пасаш нигоҳ карда истоданд. Шарафнисо, ки пиразанро то охири боғ туселонида, такрор-такрор узрхоҳӣ карда буд, оташи ғазабаш аланга гирифта баргашт.
Авзои модарашро фаҳмида, Чавлон роҳи гурезро пеш гирифтанӣ шуд. Аммо Ашӯру Карим пеши роҳи ӯро доштанд. Шарафнисо рӯяшро бо кафи ду дасташ пӯшонда, то будани овозаш гирист.
Ҷӯраҳои Чавлон ҳаракат мекарданд, модарро тасаллӣ диҳанд.
— Канӣ, Чавлон, наздиктар биё! — фармонфармоёна фарёд кард Ашӯр.— Аввал узр хоҳ. Баъд росташро гӯй, ки чаро гуноҳатро руст кардӣ?!
Чавлон қасам хӯрд, ки дурӯғ намегӯяд.
Воқеа ин тавр шуда будааст: Чавлон велосипеди шалакашро ғаҷар-ғуҷуркунон ба сӯйи почта мерафтааст. Монанди паровоз фаш-фаш овоз бароварда мерафтааст.
Аз паси хирсбоз давидагӣ барин, аз пасаш бачаҳои бисёр давидаанд. Кӯчаро ба сараш бардошта, пеш рафтан гирифтааст.
Вақто ки ба ҷойи серхок омадаанд, суръати велосипед суст шудааст. Чавлон педалро бо азоб мегардондааст, то ин ки бачаҳо расида гирифтаанд. «Ҳа-ҳа» гӯён аз пасаш тела додаанд. Велосипед аз хок баромадааст. Баъд Чавлон яке аз бачаҳоро ба китфи худ, бачаи дигарро ба болои рул шинондааст. Ду бача пошонро ба борбандаки болои қаноти чархи қафо монда, аз китфи Чавлон маҳкам доштаанд. Чавлон бо даҳонаш «бу-бу-уб!» гӯён сигнал додаасту гӯё «паровоз ба роҳ даромадааст».
Вале панҷоҳ қадам нарафта, фалокат рӯй додааст:
«Паровоз» ба хари дар пеш рафта истода бархӯрдааст.
Дар болои хар пиразане, дар зери ӯ хӯрчини ало, дар ду чашми хӯрчин шишаҳои панҷлитранги пур аз шир будаанд.
Хар ғалтида, ҳамаро шир зер кардааст. Бачаҳо думро хода кардаанд. Чавлон сурх шуда, чӣ кор карданашро надонистааст. Ба ҷои зуд рафта ба пиразан ёрӣ расонидан, чорхеззанон гурехтани хари пиразанро дида, хир-хир хандидааст. Пиразан бадтар дар қаҳр шуда, Чавлонро бо ду торсакии обдор зиёфат намудааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё