Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

фатири навакак пухтааш ва дар як табақча зардолуи чавпазаку як табақча зардолуи маҳтобӣ баровард.

— Қанӣ, писаронам гиред, — бо оҳанги меҳрубонона таклиф кард Шарафнисо фатир шикаста истода, — навакак пухта будам. Насиби шумо ҳам будааст. Аз зардолу гиретон. Чавпазак қариб хазон шуда мондааст. Ана, ин маҳтобӣ бошад, чунон ширин шудагӣ, ки асал барин.

— Чавлон меомада бошад? — пурсид Ашӯр зардолуро хӯрдаю донакашро кирси шикаста, — Ё боз ба шаҳр рафта бошад?

— Ҳозир омада мемонад, писарам. Ман тезтар биё, бозор меравӣ гуфта такрор карда будам. — Шарафнисо ба сӯи кӯча нигариста ҳайрон шуда монд. — А-а, чӣ гап худаш? Чавлон-ку! Як гала одам. Боз ягон қилиқи хунук накарда бошад ин нусха? Чашмам парида истода буд-куя.

Аз кӯча сӯи чайла пиразане, аз қафои ӯ Чавлон, Эргаш Назари табелчӣ ва дар китфаш велосипед Тоҷӣ меомаданд. Бо тарсу ҳарос модар ба пешвозашон шитобид. Ашӯр ва Карим ҳам аз ҷояшон ҷаста хеста, аз паси хола давиданд. Сагчаи алои якгӯшаи Чавлон ҳам аз паси онҳо ак-аккунон давиданӣ буд, вале Ашӯр «дафъ шав!» гӯён дӯғ зад, ки қариб аз пон худаш гирифта буд.

— Шарафнисо! — Чавлонро ишора карда пурсид пиразан, — Ин шайтони бекафшу маҳсӣ писари шумо?

— Ҳа, хола, ин нусха писари ман. Ягон қилиқи хунук кард магар?

— Бахтатон будааст-дия. Агар писари каси дигар мешуд, худашро ҳам ба милиция бурда месупурдам, шайтонаробаашро ҳам!

— Боз чӣ қилиқ кардӣ, нусха?!

— Хайр, ман меравам. Вақт надорам. Вақти говҷӯшӣ шуда монд, — дасташро шоф карда, тез-тез гап зад пиразан. — Ана, вай аҳволи шайтонараваашро бинед. Се рӯз ин ҷониб рафта намегирад. Маҷбур шуда худам ба мактаб гирифта омадам. Пурсам, ҳеҷ кас намедонад. Охир мана ин писаронам гуфтанд, ки ин аз они Чавлон Бистӣ. Бистиаш кӣ гӯям, писари фалонӣ гуфтанд. Гӯр ду шиша шир шавад се рӯз ин ҷониб дасту поям зириққос мекунад. Хари базӯракнам ҳам ланг шуда монд. Худи вай, бечора, пир шудагӣ. Хайр, ман фурсати гап задан надорам, худатон гӯшашро сахтакак тофта монед. — Қилиқи кардаатро худат гуфта деҳ! — ба Чавлон дӯғ зада

пешина
аз 323
навбатӣ