Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зӯр ба зӯракӣ хандид Шарафнисо-хола.— Ба замин занад, ба осмон хез мезадетон. Худоро шукр мана акнун хеле бамаъниякак шуда мондетон. Дар қатори шумоён ин нусхаи ман ҳам зоро одам шуда равад. Кошки зоти ин бисёр мебуд.

— Бачаҳои бозор ҳам ганда нею камтар шӯх-дия. Ҳамон пештара шӯхиҳои мо барин. Абдулло чӯпчак, Тоҳири тагора, ана вай кӣ буд?.. Хеши худат-чӣ? Хайр, ҳамон. Чунон шӯх буданд, ҳар рӯз занозанӣ. Ба армияи мо омадан ин ҷониб мусичаи уволак барин-а? Чӣ гуфтӣ Ашӯр? Лекин панҷ-шаш нафари дигар ҳастанд, ҳеҷ ба гап намедароянд. Без барин сахт. Гап таъсир намекунад.

— Ҳар чӣ бошад ба худашон, ба мо чӣ?— лабашро қач кард Ашӯр.

— «Ба мо чӣ? Ба худашон!» будааст! — ситезаомез такрор кард Карим.

— Ҳа, чӣ буд?!— мағрурона дӯғ зад Ашӯр.

— Фақат ғами худатро мехӯрӣ-я? Онҳоро ҳам ба отряди худамон қабул карданамон даркор. Медонӣ инро Ленин гуфтагӣ. Бачаҳои шӯх, безорӣ ва бекасро гирифта тарбия намудан лозим, гуфтагӣ. Баъд Дзержинский ҳамин корро ташкил кардагӣ.

— Худат «бачаҳои сари бозор шӯхи бетартиб. Мо бетартибҳоро ба сафи худ қабул намекунем», нагуфта будӣ?

— Гуфта будам. Сонӣ хатоямро фаҳмидам.

— Акнун чаро баръаксашро мегӯй?— Нағзаш даркор не. Онҳо ба хариду фурӯш одат кардагӣ. Ана, Чавлон ҳам чор рӯз ба онҳо ҳамроҳ шуда, аллакай велосипедашро фурӯхт. Фардо чапони холаамро бурда мефурӯшад. Ҳамту не, хола?

— Наҳод дурӯғ гуфта бошад-а? — боз диққат шуд хола.

— Мо аслаш ба назди шумо барои ҳамин омадем, ки ҳамин гапро пурсем. Ба аъзоёни отряди мо чиз харидану фурӯхтан мумкин не. Чавлон велосипедашро фурӯхта бошад, мо ӯро муҳокима мекунем.

Шарафнисо чӣ гуфтанашро надониста монд. Чӣ ҳам мегуфт? Писараш ба ӯ то ҳол ягон маротиба дурӯғ нагуфтааст. Бепурсиш чӣ хел велосипедашро мефурӯхтааст? Охир, вайро тагояш тақдим кардааст-ку!

Карим ва Ашӯр барои рафтан иҷозат пурсиданд. Вале хола розӣ нашуд. Ӯ дастархон кушод. Як лаганд аз

пешина
аз 323
навбатӣ