Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Чавлон канӣ?— пурсид Карим.
— Намедонам. Ман аз шумоён пурсам гуфта истода будам,— гуфт модар парешон шуда.
— Се рӯз ин ҷониб на ба мактаб рафтааст, на ба машғулият,— гуфт Ашӯр бо оҳанги эътироз.
— Чаро? Ҳар рӯз ба мактаб меравам гуфта, китобашро бағал карда меравад-ку. Бо ҳамин то нисфи шаб сураташро нишон намедиҳад. Ин боз чӣ қилиқаш бошад-а?
Ашӯр ва Карим ба ҳамдигар саволомез нигариста, китф дарҳам кашиданд. Хавотири модар боз афзуд.
— Хола, Чавлон велосипедашро ба кӣ фурӯхт? — пурсид Карим ва ба Ашӯр бо гӯшаи чашм нигоҳ карда монд.
— Фурӯхтааст? Велосипедашро фурӯхтааст?!— ҳайрон шуд хола.— Ба усто бурдам гуфта буд-ку?
— Ба усто?— бо ҳайрат пурсиду саволомез ба Карим нигарист Ашӯр. Карим бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.— Фурӯхтам гуфтааст-ку. Ба Муҳиддин гуфтааст. Дигар бачаҳо ҳам шунидаанд.
— Ба симчӯб заду саҳлакак вайрон шуд. Ба усто бурда додам, баъди як ҳафта рафта мегирам гуфта буд.
— Маълум мешавад, ки дурӯғ гуфтааст,— вазнин нафас кашид Карим.— Бегоҳ машғулият мешавад. Ин бегоҳ противогаз меомӯзем. Машғулиятро аскари сурх Ҷӯра Чалолов мегузаронад. Вай ба отпуск омадааст. Мо аз вақт фоида бурда илтимос кардем, не нагуфт. Ба ҳама хабар деҳ гуфта будам. На аз дигарон дарак шуд ва на аз худаш.
— Чӣ бало зада бошад ба ин нусха?— ҳайрон шуд модар.— Ба бегамӣ бегам, танбал. Лекин ин қилиқаш...
— Якто гап занам, ба бачаҳои сари бозор ҳамроҳ шуду камтар айёр шуда монд,— нимҳазлу нимҷиддӣ гуфт Карим. Ашӯр ҳам тасдиқкунон сар ҷунбонд. Вале дид, ки Карим ба ӯ кинояомез лабханд мекунад, пурсид:
— Чаро ба ман менигарӣ? Ҳавлии мо дар саҳро-ку!
— Як вақте ту ҳам бачаи сарибозор будӣ!
— Ту чӣ? Ту ҳам-дия!..
— Ҳа, ҳавлии мо ҳам дар шаҳр буд. Аммо ман ту барин шӯхӣ бадтарин набудам. Қобилтар будам. Ҳамту не, хола?— ба Шарафнисо нигарист Карим.
— Ростӣ гап ҳар дуятон ҳам як себи дукафон будетон,—

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё