Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Маро мешинохтеду чаро то ҳол даматопро набаровардед?! — бо ҳаяҷон пурсидам ӯро ба оғӯш кашида истода.

— Мебахшед, ҷӯраҷон. Таваккал карда, номатонро ба забон гирифтам. Зеро ман шуморо ҳамагӣ як маротиба дида будам. Ба институт омада будед, — гуфт хандида Абдукарим. — Чанд маротиба пурсиданӣ ҳам шудам. Аммо ҷуръат накандам. Мабодо ба ҳамон одам монанд бошед, шарманда нашавам гуфтам. Ба болои ин, аксар бо рафиқони озарбойҷонӣ мегаштед. Аз ин рӯ, хайр одам ба одам монанд мешавад-дия, гуфта гашта будам. Ҳозир аз лаҳҷаатон фаҳмидам, ки озарӣ нестед, ҷуръат кардам. Чӣ хел вохӯрии аҷиб-а, боз дар куҷо!

На фақат ҳамроҳҳои худамон — офицерон, балки ҳамаи пассажирон бо ҳайрат ба дуи мо нигариста, механдиданд. Ҳамсафаронамон ҳазлу шӯхӣ мекарданд, ки дар як казарма қариб як моҳ зистаю аз як дег хӯрок хӯрда, ҳамдигарамонро нашинохтаем. «Ин воқеаро шустан даркор» мегуфтанд онҳо.

Чанд рӯз сӯҳбаткунон ба шаҳри таъиншуда рафтем. Аз он ҷо фақат ману Абдукаримро барои кор ба дивизияи дусаду ҳафтоду ҳафтуми тирандозӣ фиристоданд. Боз вагон, боз сӯҳбат...

Ҳар ду вазифаро аниқ карда, вориди штаб мешудем. Ногаҳон ҷавони миёнақаду кулчарӯ, тӯтибинию абрӯсиёҳро дида, ҳайрон шудем. Ӯ дар дасташ ҷомадон ба сӯи мо хандида меомад. Ин ҳамшаҳрии дигарамон духтур Абдусаттор Нурматов буд.

— Ё аҷабо! — гуфт ҷомадонро ба замин гузоштаю даст ба гиребон бурда Абдусаттор. — Ин хобам ё бедорӣ? Чӣ кор карда гаштетон дар ин ҷо?

— Салом. Худи шумо аз куҷо пайдо шудед? — пурсидам, дасти фарбеҳакашро сахт фушурда истода.

— Аз Сталинобод. Шумоён аз куҷо омадетон? — пурсид ӯ бо Абдукарим дастфушурикунон.

— Мо аз резерви Сарфармондеҳи Олӣ.

— Се ҳамшаҳр дар як гӯшаи дурдасти мамлакат... вохӯрии аҷиб-ку. Ин воқеаро, албатта, қайд кардан даркор, — завқ карда хандид Абдусаттор.

— Мо ҳам навакак омада будем, — гуфт Абдукарим, — таъин шудем, рафта истодаем.

— Камтар истетон, ман ҳам даромада бароям, — илтиҷо намуд Абдусаттор.

— Майлаш, мунтазир мешавем, — гуфтам, — лекин бо ҳамин шарт, ки ба полки ман мерафтагӣ, меравӣ.

пешина
аз 323
навбатӣ