Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба мухлисони санъат ҳаловат мебахшад. Ситораҳои сершумор дар осмони софу беғубор чашмакзанӣ мекарданд. Дақиқаҳои бошумор бошад ҳам, дар ин ҷо аз ғаму андӯҳи ҷанг андак фориғ мешудеду фароғат мекардед.

Барандаи консерт танаффус эълон кард. Пардаи саҳна пӯшида шуду чароғҳои зал даргирифтанд. Тамокухалtai сурхи гулдори худро, ки дар фронти Сталинград тӯҳфа гирифта будам, аз қиса бароварда, ба коғази нафис тамоку печонидам. Чақмоқи фронтии «Катюша»-ро олав гиронда, бо иштиҳо тамоку кашидам. Дафъи хумор шасти хаёламро боз ба баҳри чуқури майдони ҷанг ҳаво дод. Боз садои «худои ҷанг», тӯпҳои гуногун, пулемёту миномётҳо гӯшамро ба қомат оварданд, боз бӯи ғализи бӯрут ба димоғам зад...

Овози ларзону фораме риштаи хаёламро бурид.

— Чӯрачон!.. Хобам ё бедор? — гӯён ногоҳ лейтенанти калони сари синаҳояш бо ордену медадҳо оро ёфта, худро ба оғӯшам ҳаво доду бо овози баланд гиря карда фиристод. Ҳайрон шудам. Тамоми аҳли зал ба ҳайрат омаданд. Биссёрии онҳо зуд ба атрофи мо ҷамъ омаданд, бо ҳисси кунҷковӣ назар меафканданд. Офицер ниҳоят сарашро бардошту баъд ӯро шинохтам. Ин дӯсти фронтии ман Абдукарим Дадобоев буд.

— Хуш омадӣ, чӯрачон!

— Ту зиндаӣ?! Ба чашмонам бовар намекунам! Охир, ман дар сари қабрат...

Биёед, то ором ёфтани дӯсти фронтиам Абдукарим, чанд қадам қафо гашта, воқеаро аз сараш нақл кунам.

...Баҳори соли 1942. Дар шаҳри «Н» дар резерви Саркомандадеҳи Олӣ офицерони бисёр ҷамъ омадаанд. Ҷавони миёнақаду гандумрангро, ки андак ба қазоқҳо монандӣ дошт, Дадобоев меномиданд. Вале фамилияаш аз тоҷик ё узбек буданаш шаҳодат медод. Борҳо хостам, ки аз худи ӯ пурсам, ҷуръат накардам. Ҳафтаҳо гузаштанд, шинос шуда наметавонистам.

Рӯзи дигар даҳ нафар офицерро ба штаб даъват карда, ба шаҳри «Н», ба штаби армия фиристонданд. Дар ин ҳисоб ману Дадобоев ҳам будем.

Мо бо трамвай сӯи вокзал мерафтем. Абдукарим бо офицери дар паҳлӯяш буда саргарми сӯҳбат буд. Аз гуфтораш пай бурдам, ки ӯ аз диёри мо. Хайр, аз карнайчӣ як пуф, гуфтаму наздаш рафтам ва бо забони ӯзбекӣ аз куҷо будани ӯро пурсидам.

— Фалонӣ, ман аз Қистақӯз, аз райони Хуҷанд,— гуфт ҳатто номамро пурра ба забон гирифта.

пешина
аз 323
навбатӣ