Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
рони пиёдаамон роҳ кушоданд. «Ура!»-и баланд фашистонро ба таҳлука андохт. Аксари онҳо нобуд, боқимондаҳояшон даст бардошта, таслим шуданд.
Акрамҷон дар сафи пеши ҷанг мерафт. Ӯ дар даст милтиқ, дар қисаю бағалҳояш гранатаҳо дошт. Зеро ӯ дар гранатаҳаводиҳӣ маҳорати калон дорад. Дина бо чор граната чандин нафар гитлерчиёнро аз қатор бароварда буд. Имрӯз ҳам дар вақти ҳуҷуми душман бо ду граната якчанд фрицро ба ҷаҳаннам фиристод.
Душманро дигар тоқати сарбардорӣ намонд, магар, хомӯш шуда монд. Ҷанговарони мо каме ором гирифта, аз паи шикам шуданд.
Баъд аз он ки ҷанговарони батальон баландиро ишғол менамоянд, фашистон ду рӯз ба ҷанги мудофиавӣ гузашта, қувваи нав ҷамъ мекунанд ва боз ба ҳуҷум мегузаранд. Дар ҳамлаи иннавбата онҳо ба ҷуз тӯпу миномётҳо, шаш танкро ҳам ба кор дароварданд.
Ба борони тири миномётҳо нигоҳ накарда, танкҳои миёнавазни душман ба ҳуҷум даромаданд. Ду танк рост ба сӯи хандаке, ки Акрамҷону Дадобоев меистоданд, пеш омадан гирифт. Акрамҷон зуд шишаҳои бензинро ба бағал андохт. Дадобоев бо милтиқи зиддитанкӣ як танкро аз кор баровард. Танки дигар бо оташи тири тӯп даргирифт. Аз паси онҳо танкҳои дигар меомаданд. Акрамҷон бо чаққонии том паси ҳам ду гранатаи зиддитанкӣ ва ду шишаи бензинро ҳаво дода, як танкро аз қатор баровард, танки дигарро ба нишон гирифту ба худаш... тир расид. Ӯ дар бағал боз шишаи бензини тарконанда дошт...
— Алвидоъ, дӯсти азизам Акрамҷон! — бо тамоми овозаш фарёд кард Дадобоев ва ба ҷанговарони дигар рӯ овард. — Барои хуни поки Акрамҷони диловар, ба пеш, рафиқон!
Ҳуҷуми ҷавобии ҷанговарони мо бо муваффақияти калон анҷомид. Ҳамяроқон ба хуни Акрамҷон хун гирифтанд.
ҲАМДИЁРОН
Торикӣ ба иҷрои ҳукми худ гузаштааст. Бинои театри тобистона. Дар қатори якум танҳо менишастам. Шояд шумо донед, ки ин бинои боҳашамат аз оғӯши гулу гулзори дилпазири Боғи маданият ва истироҳати шаҳр ҷой гирифтааст. Насими форами дарёи Сир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё