Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не, ба полки мо, — шӯхомез ба китфи Абдусаттор тап-тап зада монд Абдукарим.

— Ин тавр бошад, дар дивизия мемонам, — ҳазломез ҷавоб дод Абдусаттор.

Абдусатторро ҳам ба полки Абдукаримино таъин карданд. Ҳамон шаб дар як ҷо шабнишинӣ кардему аз рӯзи дигар ба хизмат равон гаштем. Дар ҳар чанд рӯз ҷамъомади офицерони дивизия барпо мегашту ҳар се ҳамсуҳбат мешудем.

— Ба ҳар ҳол, — гуфт рӯзе Абдукарим, — ба ҳамдигарамон адресӣ ҳавлиамонро дода монем. Мана, коғазу қалам, нависед. Кадоме аз мо зиндаю саломат баргардем, дар бораи тақдири дигарамон аҳли оилаамон, хешу таборро хабардор мегардонем. Маъқул?

— Албатта, — гуфт Абдусаттор, — ҳеҷ набошад, якамон бечуну чаро зинда мемонем.

Таклиф бо як овоз қабул шуд.

Баъд аз он, ки ба фронт равона гаштем, қариб ду моҳ дидани дидори ҳамдигар муяссарамон нашуд.

Фронти Сталинград. Айни рӯзҳои пурталотум. Гӯш ва чашмони чӣ дӯсту чӣ душман ба ин сӯ нигаронанд. Оре, тамоми дунё нигарони ин фронт аст. Зеро айнан ҳамин фронт тақдири ҷангро бояд ҳал кунад. Аз даҳшати дувоздаҳ ҳазор тӯпу ҳазорон миномётҳо, бештар аз дусад «Катюша»-и машҳур замину осмон ба ларза меомад. Ман бори аввал дидам, ки замин чун каҷова меҷунбид, заминканҳои навсохт бемуболиға фурӯ мерафтанд. Гӯшҳо ба қомат омада, ҳатто дард мекарданд.

Хайрият, ки заминканӣ мо бадошттар баромад. Мо саросемавор ношито мекардем. Баъд аз он ки фармони фармондеҳи фронтро (Рокоссовский, Воронов ва Телегин имзо карда буданд) хонда баромадем, ба муносибати саршавии ҳуҷуми генералӣ қадаҳ бардоштанро қарор додем. Аз ҷунбиши замин хоки нами боми навпӯши заминкан қадахҳои моро хоколуд менамуд, дегчаҳои пур аз дами гарм ба ҳам бархӯрда, боиси қаҳ-қаҳи ханда мешуд.

— Парво накунед, задан гиред, ҳозир хок ҳам дорогӣ мекунад! — гуфтам.

— Хой, ҷӯраҳо, «Катюша»-ҷонро бинед, — лейтенант Королев моро ба тамошо даъват кард. «Катюша»-ҳое, ки тақрибан чил-панҷоҳ метр дуртар аз мо ҳунарнамоӣ мекарданд, ҳамаро мафтун сохтанд. Ҳа, ниҳоят мафтун гаштем. Зеро ин мӯъҷизаи санъати ҳарбии Ватанро наҳустин бор аз наздик медидем.

пешина
аз 323
навбатӣ