Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Ба хаёлатон мо бозӣ карда гаштаем? — дар қаҳр шуд Мария. — Мо ҳам ҷанг карда гаштаем, мӯҳтарам комбат!
— Ман ба ту фармон медиҳам!
— Шумо дар ҷанг фармонфармоӣ мекунед, дар ин ҷо ман хӯҷаин! — паст нафаромад Мария.
— Бо ту капитан гап мезанад!
— Бо шумо майор гап мезанад! Шинед ба ҷоятон!
Капитан аз рафтораш пушаймон шуд магар, сар ҷунбонда, зӯрбазӯракӣ хандид ва лаҷоми гапро ба дигар сӯ тофт:
— Ин чӣ рӯзе? Ба як батальон гапатро маъқул мекунию ба як духтурҷаи дирӯзакак аз тухм баромада таслим мешавӣ? Ҳалолат бод, Маришка! Саҳл вақт нагузашта, аз бинии Иван сим нагузаронӣ, гуфта метарсам.
— Агар шумо барин беинтизомӣ кунад, аз ин бадтар мекунам! — Ҳар ду коҳ-қоҳ хандиданд.
— Хайр, Марияҷони азизам, ба нағзӣ ба ман ҷавоб деҳ. Яраи дастам чепуха, — илтиҷо намуд капитан, — аслашро пурсӣ, ба командир даст не, калла даркор. Худат медонӣ, ки ман бе ҷанг истода наметавонам. Шароитро ба ҳисоб гир. «Зарур бошад, раво бошад», гуфтаанд.
— Яраатон ҳатто шах нашудааст.
— Шумо, духтурҳо ба воҳима усто, — нимҳазлу нимҷиддӣ гуфт капитан, — ҳай-пай накунӣ аз пашша фил месозед.
— Ҳамин тавр накунанд, шумо ба гап гӯш намекунед. Кӯдак барин...
— Ҷавоб намедиҳӣ?
— Хобатонро ба об гӯед.
— Ҳамин тавр-мӣ?
— Ҳа, гап якто!
— Илоҳӣ, Иван онаатро нишон диҳад!..
Дар палатаи равшану гарм, ки ба юрт монанд буд, ярадорони вазнин мехобанд. Онҳо мунтазири поезд. Навбат, ки омад, ба госпитальҳои ақибгоҳ мераванд. Ярадорони сабук дар ҳамин ҷо шифо ёфта, боз ба қисми худ бармегарданд. Аз ин рӯ, зарур шавад, ба ярадорони вазнин дастъёрӣ мекунанд, ба коркунони тиб мадад мерасонанд. Дере нагузашта ман «эркатой»-и мед

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё