Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Фаҳмида шуд, — сар ҷунбонд капитан.

— Мебахшед, дар вақти омаданам командири отделениямон гуфт, ки ба шумо зинда будани ӯро хабар диҳам, — гуфтам.

— Иван?!

— Ҳа.

— Иванушка зинда! — гӯён Мария маро ба оғӯш кашида бӯсид. Ман аз шарм сурх шудам.

— Ҳа, хурсанд шудӣ? — ба китфи Мария тап-тап зад капитан. — Ман гуфтам-ку, ӯро бало ҳам намезанад. Кадровик. Полковникзода. Лекин йигити зебо-а? — ба Мария қирраи чашм дӯхта, писханд зад капитан.

— Шояд дуруст бошад, — китф дарҳам кашидам.

— Чаро «шояд»? •

— Ман ҷанговари нав. Бори якум ба ҷанг даромадам.

— Ин гапат ҳам маъқул. Лекин ҷанговари ҳақиқӣ бошӣ, фақат худро ба хатти якум зан. Баъзеҳо барин ину онро баҳона карда, худро ба канор накаш. Фаҳмидӣ? Душман кӯфтан даркор, душман! — Капитан дуди маҳоркаашро ҳалқа занонда, чашмонашро хумор карду ҳузур намуда, давом намуд: — Бо роҳи худаш душманкушӣ ҳам кайф дорад. Пода шуда омада истаду ҳамту тирзани пулемётро пахш кунӣ, алаф барин даравӣ... Шикорчиҳо барои чӣ кӯҳ ба кӯҳ, чӯл ба чӯл азоб кашида мегарданду ноумед намешаванд? Охир, шикор ҳам кайф дорад-дия.

— Душманро бо кори шикорчиҳо баробар накунед, рафиқ капитан, — ҳазломез гуфт Мария. — Дар ҷанг ба душман наздик нашуда, аллакай асабӣ мешавед. Аслаш, одамкушӣ кори аблахона. Ваҳшигарӣ. Агар ӯ тир напарронад, мо ҳам тир намепаррондем. Ҳамту не?

— Хӯш-хӯш!.., — каме хаёл карда гуфт капитан, — ин гапат ҳам маъқул. Ба ту қоилам. Ҷавон, ки ҳастӣ майнаат кор мекунад-дия. Биё, барои ин гапат як бӯса кунам.

— Ташвиш накашед, рафиқ капитан, ман бӯса кардагӣ дорам-ку, — хандид Мария.

— Иванро дар назар дорӣ? Натарс, ман намегӯям. Биё, лекин, дер нашавад! — коҳ-қоҳ хандид капитан. — Хайр, ин гапҳоро мону ба нағзӣ акнун ба ман ҷавоб деҳ. Ҷиддӣ мегӯям. Ман бояд равам. Дигар тоқати истодан надорам.

— Як ҳафтаи дигар меистед, рафиқ капитан. Дуруст, ки шудед, меравед.

— Ман ҷанг карданам даркор, ҷанг! Мефаҳмӣ?!

пешина
аз 323
навбатӣ