Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

санбат шуда мондам. Дастам, ки монандӣ кашак качу ба гарданам овезон буд, ҳама маро Қиркунанда гуфта чеғ мезад.

— Ҳо, Қиркунанда, ана вай ярадорро ба хонаи ҷарроҳӣ бар!

— Қиркунанда! Як ҷой!

Бо майори тиб Мария Фёдоровна рӯзе чанд бор вомехӯрдем. Бо ман, ки вохӯрд, албатта, аз Иван Назаров гап мекушояд. Ба дилаш шуда ман ҳам ҳамеша ӯро таъриф мекардам. Бо завқу шавқ гӯш мекард ва гӯё ҳузур менамуд. Аз ин рӯ, маро, ки дид, гул-гул шукуфта, изҳори дил мекард.

— Мо ҳар ду аз аввали ҷанг ҳамрохем. Барои ӯ шуда аз дигар полк ба ҳамин полк ба хизмат омадам,— гуфт ӯ боре.— Ба мо ана ҳамин капитан, Сергеев, ёрӣ расонда буд. Ҳар дуямон аҳду паймон дорем. Ана ҳамин моҳ гузараду зинда монем, никоҳи фронтӣ мекунем.
Дар ҳамин медсанбат. Ту дар тӯямон хизмат мекунӣ.
Дуруст?

— Ба ҷонам.

Рӯзи дигар Марияро чунон хурсанд дидам, ки гӯё падараш зинда шуда бошад.

— Медонӣ чӣ гап? Иван омад, Иван!

— Канӣ?

— Ҳо, дар палатан дуюм. Ярадор шуда омад. Иван зинда монд! Акнун тӯй мешавад, тӯй! — беихтиёр маро ба оғӯш кашида, паси ҳам бӯсидан гирифт Мария.— Мана ин мактубро овард. Ма, хон!

Мактуби ба ҳошияи газета навиштаро бо овози баланд хондам:

«Салом, Марияи якрав! Маро мебахшӣ, ҷавоб ки надодӣ, гурехтам. Ҳамин тавр кардан зарур буд. Зарар накардам. Фрицҳоро аз ду пункти аҳолинишин зада ҳай кардем. Акнун фақат пеш меравем, пеш! Иванат қаҳрамони бемисол нишон дод. Ба орден пешниҳод кардем.
Дигар ҳама гапро Иван мегӯяд. Хайр, зинда бошам, дидор мебинем. Капитан Сергеев».

— Маро якрав мегӯяду худаш одами якрав буд.
Мегурезам — мегурезам гуфта, охир гурехт-дия,— табассум кард Мария.

— Командири зӯр будааст. Ҳамеша хунаш ҷӯшида
меистад,— гуфтам.

— Хе-е, медонӣ, ин чӣ хел корнамоиҳо нишон додагӣ.
Дар ҷанги Финляндия ордени Байрақи Сурх гирифтагӣ,— таъриф кард Мария,— боварӣ дорам, ки дар ин

пешина
аз 323
навбатӣ