Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
бо кӯдакӣ ширхораш мондем. Бадбахтӣ болои бадбахтӣ шуд. Гитлерчиён маҳаллеро, ки мо кӯчада омада будем, бомбаборон карданд. Ман монандӣ пиру ҷавонони шаҳр ба хандаккобӣ рафтам. Вақте ки ба ҳавлӣ баргаштам, на аз ҳавлию ҷой нишоне монда буду на аз модарӯ укоям. Фақат чордевори сӯзону чангу дуди ғализро дидам. Хоб ё бедор будани худро пай бурда натавонистам... Мана шаш моҳ ин ҷониб дар ҳамин ҷо кор мекунам. Лекин рӯз чӣ тавр мегузарад, намедонам. Дар ин ҷо маро хаппаки дамдузд гӯён айб мекунанд... Ҳа, барои баъзе бедардҳо лаби ҳамеша хандон маъқул... Мебахшӣ, ман туро ҳафа кардам.
— Не, бемалол гап задан гир, гӯшам ба ту, — гуфтам ҳафагии худро пинҳон дошта, — дӯст ба дӯст дил холӣ мекунад.
Вале чашмонам ба Машаю мурғи хаёлам дар майдони муҳориба, бо сагони девонашудаи фашистӣ даст ба гиребон гаштааст. Ӯ боз сухан меронад, ман ба ӯ менигарам. Дар симои ин духтари қавинрода орзӯю умед ва матонати беҳамторо дида шарм мекунам. Дар ҳақиқат ғами ман ба ҳамири ғаму андӯҳи Ӯ гард ҳам намешавад. Бо вуҷуди ин Маша озурдадил кӯшиш мекунад, ки маро тасаллӣ диҳад, ба дилам умед бахшад, даҳшати дардамро сабук гардонад.
Аз палаatan ҳамсоя фарёди дагале ба гӯш расиду Маша бошитоб баромада рафт.
— Рафиқ лейтенанти калон, — гап партофт яке аз ярадорон, — шумо хеле шикорчии зӯр барин-ку? Ҳанӯз аз дар надаромада, шикоратон барор кард-а!
— Навдам-дия, — илова кард дигаре. Ҳама хандиданд.
Барои он ки гап кашол наёбад, гуфтам:
— Мо бо Маша ҳанӯз дар фронт шинос шуда будем.
— И-е, хеле аҷиб-ку, вохӯрии дӯстони фронтӣ! — аз ҷояш нимхез шуда гуфт ярадори бе як дасту бе як пой, ки дар рӯ ба рӯи ман хобида китоб мехонд. — Ин воқеаро ба газета навиштан лозим.
Рӯзҳо паси ҳам мегузаштанд. Вале дарди даҳшатноки поям ором намегузошт. Тарафҳои рӯз дардро кам ҳис мекардам. Зеро тафти одамро одам мебардорад, хандаю бозӣ, ҳазлу сӯҳбат, даробарои одамон маро саргарм мекарданду дардро фаромӯш менамудам.
Аммо шаб, ки шуд, ҳолам табоҳ мегашт. Ба рӯи ҷогаҳ нимхез шуда, пои буридаамро ба рӯи дастам гирифтаю ба бағалам чафс карда, то рӯз ҷон канда мебаромадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё