Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Аввал ҳамонро гиред, намешавад?
Вақте ки маро аз автобус бароварданд, ҳама гирдам ҷамъ шуданд. Саволу ҷавобҳои бисёре. Ҳар яке афсус мехӯрд, ки одами сиҳат карда фиристодан онҳо маҷрӯҳ шуда баргаштааст.
— Аввалин касе, ки,— гӯфт комиссари госпиталь — ба госпитали мо бори дуюм омад. Чой ва кати ҳамон вақт хоб кардаашро тайёр кунед, ба ҳамон ҷо мебарем. Зан-барро худи комиссар ва сардори госпиталь бардошта, то ба қабулгоҳ бурданд.
Ғарқи ғамхорию меҳрубонӣ гардидам. Аз пагоҳ то бегоҳ ходимони госпиталь чун мокун бофанда ба назди ман рафтуо мекарданд, чизе ки талаб кунам, муҳайё месохтанд. Шефҳо, пионерон ва намояндагони ташкилотҳо оянд ҳам, аввал ба назди ман меоварданд.
Рӯзе миш-миш пайдо шуд, ки як гурӯҳ ярадорони вазнинро ба шаҳри Тошканд мефиристонанд. Дар дилам гулгула пайдо шуд; чӣ мешуд, ки ба наздиктари зодгоҳам равам. Илтимос кардам, ки маро ҳам фиристанд.
— Дурусттар хаёл кунед, шумо барои госпитали мо бемори азиз ҳастед. Худи мо шуморо нағзакак нигоҳубин карда, сиҳат мекунем, протез мепӯшонем ва то ба ҳавлиатон бурда мемонем, — зорӣ мекарданд онҳо. Аммо ман якравиро намемондам. Зеро оҳанрабои Тоҷикистони офтобрӯяамон сахт ба худ мекашид. Ба ҳар ҳол аз Тошканд бӯи муаттараш ба машомам мерасиду хотирҷамъ мешудам.
Поезди санитарӣ се шабонарӯз дар роҳ истоду боз ақиб гашта, ба шаҳри Челябинск овард...
Чун ҳикоятам ба охир расид, дӯсти навам капитан Манумян аз папироси худсохтааш маркаи «Беломорканал»-ро гирифта, як дона ба ман дароз карда гуфт:
— Марҳамат, ҷӯраҷон. Дили маро Кавкази дилрабо мекашад. Хайр, ин ҳам як гапе. Бо ҳамин муносибатҳо дар чандин шаҳр нону намак шудем, дӯстони бисёре пайдо кардем. Дигар вақт кай ин ҷойҳоро дида метавонистем? Худо гӯй, ки тезтар мо ғалаба кунему ҷанг тамом шавад, ба дидори хешу ақрабо мушарраф шавем!
Рӯзе дигар Манумян халтачаи сурхи зебоеро бароварда, ба «касбу косибӣ» — папироссозӣ шурӯъ кард. Халтача ба назарам алав барин намуд. Хаёл кардам, ки дар куҷо монандашро дида бошам?
— Ҳа, халтача ба ту маъқул шуд? — хандид ӯ, аз даруни вай ба қоғази нафис тамоку гирифта, — дар вақти ба фронт гуселонидан хоҳарчаам тақдим карда буд. Чун

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё