Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мана, ба шумо ҳамсояи нав овардем. Акнун хафа намемонед. Ин ҳам сиёҳчашмак будааст. Зоро ҳамшаҳр баромада монетон.

Дар рӯ ба рӯям ҷавони чингиламӯю чашму абрӯсиёҳ мехобид, ки бурутчан хурдаш ба рухсори камхуну вале дилкашаш хеле мезебид. Дарҳол гумон кардам, ки ӯ кавказист. Вай ҳам бепой будааст. Аз гуфтаи ҳамшираи шафқат, ҳамагӣ чанд рӯз пеш омадааст. Аз рафтораш маълум, ки ӯ нисбатан солим, ҳеҷ набошад, хӯрокашро бемалол хӯрдаю камубеш роҳ гашта метавонад.

Ӯ аз ҷояш наҷунбида, дар зери лаб суруди фораме мехонд ва гоҳ-гоҳ дастонашро ба ҳаракат оварда, мерақсид. Агарчанде, ки азияти роҳ маро бемадор карда буд, аз «нағма»-и ҳамсояи нав шод шудаму худро сабук ҳис кардам. Ӯ аз хандан ман бохабар шуда, аз ҷояш нимхез шуд ва бо забони нофаҳмо ким-чиҳо гуфт. Ман чӣ гуфтани ӯро нафаҳмида, саволомез нигоҳ карда мондам. Баъд ӯ бо забони русӣ гап сар кард.

— Шумо арманӣ не?

— Не.

— Грузин?

— Не.

— Озарбойҷонӣ?

— Не, тоҷик.

— Ҳа, тоҷик гӯед. Аз кавказиҳо-мӣ гуфтаам. Ман арманӣ. Лейтенант Манумян. Макони шуморо «Тоҷикистони офтобрӯя» мегӯянд-а? Диёри пахтаю абрешим, кони меваи сершираю шарбат... Ман нағз медонам. Як вақте хешу таборамон дар ҳамон ҷой зиндагӣ мекарданд. Мукотиба доштам, посылкаҳо мегирифтем. Расо зардолухони ширин доретон-дия, — табассум карда монд Манумян, лабҳои гафсу камхунашро лесида. Ман, ки худро хеле суст ҳис мекардам, ба саволҳои ӯ ҷавобҳои кӯтоҳ медодам ва ё ишораи тасдиқ мекардам. Вале хурсанд будам, ки ҳамсояи хушҷакҷаке дорам. Зеро ҳамсояи ширинзабон барои бемор ҳузури ҷону ҳамсояи сергапу инчик сӯҳони умр.

Манумян бедармонии маро фаҳмид магар, ки сарашро андак боло карда, бо оҳанги меҳрубонона гуфт:

— Дӯстам, маро мебахшед, шумо хеле монда шудагӣ барин. Андак ғанаб кунед, дам гиред. Ҳамин замон вақ­ти хӯрок мешавад. Ана баъд сӯҳбатро давом медиҳем.

Аз хоб хеста, худро андак бардам ҳис кардам. Баъд аз таом тамоку печониданӣ шудам. Вале дастонам ларзида,

пешина
аз 323
навбатӣ