Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ба дарун даромадан чашмони калон-калони бенурашро ба кафаш пинҳон карда, фарёд зад:
— Ин чӣ гап? Кӣ ба печка нон андохт? Чаро хомӯш истодаед? Кӣ кард?
— Бинниатонро муолиҷа кунед! — ҳазл карданд ярадорон.
— Ман ба шумо ҷиддӣ мегӯям! Кӣ ин аҳмакиро кард? — дар қаҳр шуд Хашкевич, ба зери бағали касе ҳароратсанҷ гузошта. — Барои шумо ҳавои тоза лозим.
Шумо ярадорони вазнин. Берун баромада, ҳавои тоза гирифта наметавонед. Ҳавои бад ба муолиҷа халал мерасонад.
— Маълум мешавад, ки шумо моро дар ин «қасри боҳашамат» дер нигоҳ медоред? — пурсид яке аз ярадорон.
— Навбат, ки расид, мефиристонем, — гуфт ӯ.
— Наход ҳашт рӯз ин ҷониб навбат нарасад? — боз пурсид шахси аввала.
— Кӣ медонад, шояд фардо навбат расад, — ҷавоб дод Хашкевич.
— Ин тавр бошад, дар як рӯз ҳаво бад шавад чию нағз шавад чӣ? — хандид яке.
— Ҳар як дақиқа ғанимат, — гуфт Хашкевич, — маҳсусан, барои шумо. — Ӯ ҳарорати ярадори дар паҳлӯи ман бударо ҳам санҷиду чашмаш ба Иван афтид. Ва бо овози хиррию борики худ дӯғ зад: — Ту аз куҷо пайдо шудӣ, манораи ба чашм?! Ин ҷо ҷои ярадорони вазнин!
Ту бояд ба чодари чорум равӣ. Хез, ба инҳо халал нарасон! Хез мегӯям!
— Ман ба ин ҷо муваққатӣ омадам, — гуфт Иван.
— Хайр, омада бошӣ, акнун рав. Инҳоро ором гузор.
— Камтар шинам, меравам.
— Не, ҳозир меравӣ. Магар намебинӣ, ки ҷой танг?
— Ман барои хобидан наомадаам ба ин ҷо. Меравам.
— Бигузор дар ҳамин ҷо хобад, — гуфтанд ҳама.
— Ман ба фоидаи шумо гап мезанам, — гуфт Хашкевич ба ярадорон нигариста, — худи шумо басӣ мекунед.
— Шумо чӣ хел беинсоф? — дар ғазаб шуд ярадори калонсол, аз ҷояш нимхез шуда, — бечора назди командираш омадааст, намемонед, ки чор калима сӯҳбат кунад, ғубори дилашро барорад.
— Нағзаш шумо хомӯшакак хобед, — кинояомез гуфт ҳамшираи тиб, — ба гап қатӣ нашавед! Ман ба фоидаи шумо мегӯям.

пешина
аз 323
навбатӣ