Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
захирагӣ чӣ хел вазнин. Тирро намегӯед? Ба ротаи - мо гузаред чӣ?
— Кошки.
— Баред, аввал як зиёфат кунед, — гуфтам ба старшина, — баъд он тарафашро гапзанон мекунем.
Ана, аз ҳамон рӯз мо бо Полтора-Иван шинос шудем.
Бо вуҷуди он ки ӯро ба ротаи мо нагузарониданд, вақти холнашро дар назди мо мегузаронд. Борҳои вазнинамонро мебардошт, об мекашонд, ҳезум мекафонд.
Ҳамин тариқ, ҷӯраи мо Полтора-Иванҳо ҳам ба қавли худаш «тела-тела карда» ба ҷанг даровардаанд.
— Ҳақиқатан, ин хел ҷангаш ҷанги ман будааст, — давом намуд Полтора-Иван, дар паҳлӯям нишаста. — Бинам, ҳама милтикро доштаю найзаро ба душман нигаронида медаванд. Ман ҳам ҳамин хел карда давидам. Ҳамин рӯ ба рӯ омадагнашро задан гирифтам, задан гирифтам, охир найза шикаст.
— Хайр, ба ин дастат чӣ шуд?
— Ҳа, ба мурдае пешпо хӯрда, ғалтидаму аз ҷоям мехестам, ки аз фурсат фоида бурда, якаш зад, гӯшти дастам то китф ҷудо шуд. Баъди ба медсанбат омадан худи ҷонишини командири рота ва комсорг омада, ташаккур гуфтанд. Хайр, ҳамаро монед, ки нон-пон доред, рафиқ командир? Аз гуруснагӣ меларзам. Дар ин ҷо маро ҳеҷ кас намешиносад, ки шикамамро дурусттар сер кунад.
— Борхалтаамро бин, як буҳанка нон, консерв, қанд ҳаст. Чӣ қадар хоҳӣ, хӯр. Қаҳрамониҳоят ба як зиёфати калон меарзад. Афсӯс, ки аз ҷоям ҷунбида наметавонам, — гуфтам қафои сарамро ишора карда. — Агар дар пешҳат мешудем, бо садто «мешустем».
Нон ях кардагӣ буд. Иван ҳарчанд зӯр зад, бо як даст шикаста натавонист.
— Беҳтар, ки андак болои печка гузор, — гуфтам ба Иван, ки чӣ кор карданашро надониста, ба чор тараф менигарист.
Печка дар миёни чодар ҷой гирифта буд. То ки хонаро гарм кунад, карнаи вайро қариб якуним метр баланд бардошта, баъд қач карда, қариб ду метр ба сӯи болодарӣ равона карда буданд. Дар паҳлӯи печка ҳамеша ангишт ва ҳезум меистод. Мунтазири ҳамшираҳои шафқат нашуда, ярадорони сабук тез-тез оташ мекарданд. Вале онҳо доимӣ набуданд. Яке меомаду дигаре мерафт. Баъзан ҳеҷ кас намешуд. Айнан ҳамин рӯз ягон нафар ярадори сабук надаромад, ки ғамхори мо шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё