Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
- Ку биё, йигит, куҷо рафта будӣ?
- Лолачинӣ.
- О, ҳоли баҳор дур аст-ку.
- Дар теппаҳои сафедхок гули сияҳгӯш баромадааст...
- Борӣкалло, як дона наовардӣ, ки ба абрӯҳомон бимолем?
- Аробачаи мо то боло нарафт.
- Беҳуда нагард, шамол мехӯрӣ.
- Бачаҳо шиштанам намонданд, ки қоқу баромадааст, — ба хурдсолони атрофаш ишора кард Убайдулло.
- Эҳтиёт бикун, мабодо поҳот лат нахӯрад, — фаҳмонд мӯйсафеди омада.
Меҳмон табиби халқӣ будааст. Вай пас аз як шиёла чойнӯшӣ муоинаро аз миён оғозид. Ба мӯҳраҳои тахтапушт ангушт зад. Ҷавон лаб мегазиду оҳашро мехӯрд. Мӯйсафед мӯҳраҳоро махин-махин мемолид. Тани бадардро молиш ҳам намефорад. Дар ҷо-ҷон поҳои ҷавон сӯзан халонд, набуд ҳеҷ гуна эҳсосе. Табиб гиёҳҳои ҳалтаашро бароварда, тавсия кард, ки дар об хуб ҷӯшонда, ҳар рӯз се маротиба таротар бибандад. Ҳар он чӣ вай мегӯяд, ҳамонро бикунад. Ба шуниди табиб туфайли муолиҷаи сутунмӯҳра хориҷиён бо истифодаи рустаниҳои кӯҳӣ навад дар садашон шифо ёфтаанд.
Ҳар сухани шунида ба дили дардманд рӯшанак мезад, чунонки раъду барк ба шаби тор. Тавре раҳгумзадаву содда шудааст, ки ба ҳар табибу ба ҳар табобат бовар мекунад. Дар навбати дигар табиби мардумӣ мумиё фармудаш, ки он ба аъзои шикастаи бадан танакор аст. «Худоҷон, тезтар биёрад мумиёро...» — ба дил мегуфт ҷавони ранҷур.
Ҷудоӣ то наяфтад дӯст қадри дӯст кай донад,
Шикаста устухон донад баҳои мумиёро1.
Аз миён чанд моҳ гузашт ва сармуҳандиси коргоҳ ба дидорбинии бемор ташриф овард. Ба ҷуз бародарон дигарон ӯро нашнохтанд. Хонагиҳо маънӣ бардоштанд, ки ҳар куҷо бошад, шиноси бачаҳо ба аёдат омадааст, дам назаданд. Ваҷоҳати мардак гирифтаву пурҳиҷолат ба чанде батарс-батарс даст дароз кард. Ҳар хел буд набуд, ки дар боло шинондандаш. Ҳикмат ӯро аз хона меронд, ки падар намондаш. Мардак зимни ҳолпурсӣ аз пари бағал коғазпече
1 Мол аз Шайх Саъдӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё