Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ин чӣ хел подабонӣ-а? Мо пули дуздӣ надошта бошем. Илоҳӣ, хокрез шавӣ! Ба маоши нокифояи муаллимин бачаам рӯзи мо намегузарад...
— Чӣ ҳай-ҳай дорӣ? — арзи дил мекунад модарам.
— Ҳап кун! Шӯта бигӯ берун барояд!
— Ӯ дар ташнов...
— Навбати подаи шумо буд?
— Буд.
— Хӯҷайинат аспакӣ рафт?
— Ҳа.
— Бало-о!
— Ба чанг омадай?
— Бузакам гум шуд!
— ...
— Бузаки талбидаам гум шудак?!
— Ба айби кӣ?
— Мепурсӣ-а? Гӯё намедонӣ! Дар навбати подаи Шумо бузам наомадааст. Кофта биёр, ки порисата алов мезанам!
— Порисаи киро?
— Аз туро!
— Метавонӣ?
— Ту афти мара ҷӯгӣ набин, хонасалотат мекунам!
— Э, садқаи зӯр е. Подабона биёрам-чӣ?
— Ту ҳам зани подабонӣ. Бирав, ба кӯҳу чар, биёр бузи талбидаам.
— Ин фармонта рафта ба Сайҳомид те!
— Ҳа, гову молат дар хона, хотирҷамъӣ. Бузакам ҳар шох дошт, мегуфтӣ оҳуст. Худо, асло дегаг бӯи равгану чаҳдекат ширу ҷӯргота набинад.
— Одамизода, дуо накун.
— Оҳо, бузама наёбӣ, ҳаматона ба ҷамоат мекашам. Давлати сарам буд буз! Рӯзи бачаҳои муаллима чӣ хел мегузаронам? Хушёр шав, товон медиҳӣ, бева!

Модарам ба нияте, ки ин зани шаттоҳ зудтар аз ҳавлӣ пай биканад, ба хона медарояд. Ба тазбири ӯ Муҳтарами худобехабарро ором кунондан чунон аст, ки ба поҳон гурз завлопа мезанӣ. Ахиран, ба амри падарам бузковӣ мебароем. Кори шаб-хандаи рӯз. Мефаҳмам, аз эҳтироми ҳамсоядорӣ падарам моро ба раҳ андохт. Сиёҳӣе дар торикӣ шабеҳи буз аст. Бузи подагурезӣ

пешина
аз 314
навбатӣ