Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳини муколамашон пизишки навбатдор дарро боз кард. Падар ба ӯ рӯйи ниёз оварда, бо гардани каҷ гуфт:
– Духтур, мешавад, ки бачам ба қади тасма кам-камак бичумбад?..
– Пуштам қолаб гирифтааст, – ба оҳанги илтиҷо ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Убайдулло.
– Ҳоло не! – рад кард пизишк. – Табобати моро барбод доданӣ бошӣ, марҳамат.
– Поҳоям қарахтанд...
– Натарс, ин марҳила дертар мегузарад. Захми миён рӯ бигирад, пойҳоро молиш медиҳем.
– Барака ёб, додар.
Пизишки навбатдор ба ҳуҷраи паҳлӯ рафт. Дарду ғами ишон аз Убайдулло кам набуд. Шифои ранҷурон комгории онҳост, мардум дастонашонро сабук мегӯянд. Дар бистар азият мекашид, ки чаро инсон дар рӯзҳои бадаш бештар Худоро ёд мекунад, баъзеҳо дар маҳбас намозхон мешаванд. Аммо баъди раҳоиш табли «аналҳақ» мезананд. Ин чӣ ҳикматест? Ё фоқамастанду беандеша?

Паймонаи умри ҷавони маҷрӯҳ лаболаб аз ғам буд. Рӯзона аз қоғаз бозичаҳо месохт, хаста шуд худро ба хоб мезад. Шабҳо дар гут-гути падар паноҳӣ аз дигарон ҷисмашро сабук-сабук ба тасма мебардошт. Баъдҳо ба такяи болиштҳо менишаст, вале...

Ин шом ҷойи падарро бобои Рауф иваз кард. Амаки Маҳмадулло ба хона пайгом бурд, ки Убайдулло меояд! Ҷавонро аз сӯҳбати марди солманд дил об мехӯрд. Садои ӯро аз дур низ мешинохт, ки мегуфт:
– Ошнои мо чӣ ҳол дорад?
– Шиштанро ёд гирифтааст.
– Ҳа, дар ғайраташ садка-е.
– Бидаро, бобо, дар пешам бишин.
Марди пир оҳиста-оҳиста аз дар медарояд.
– Нағз шудаӣ, йигит? Меваи биҳиштӣ овардамат, – коғазпечро болои миз мениҳад бобо ва аз даруни халтаи селофанӣ хӯшаҳои ангури ҳисайниро мебарорад.
– Саргардонат кардам, а?
– Не, бачам, меваи дастиниҳони худам. Шуста овардам. Ку ба нияти шифо даҳонатро ширин бикун, – мӯйсафед як сар ангурро

пешина
аз 314
навбатӣ