Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Гуфта буд, ки баъди раҳоӣ аз ресмон поҳош меҷумбанд. Дилаш мисли таки дег сиёҳ шуд, хешро дар тангнои дарае ангошт ҳавлангез, пурвахму бим. Боло шуданаш муҳол аст. Бо ин аҳвол чӣ тавр мезияд? Кӣ ӯро нигоҳубин мекунад? Раҳ гашта натавонад, магар аробачааш меоранд? Сад бор безор аст аз аробачаву мошини сабукрав. Мехоҳад ҷисмашро бо пойи худ бикашонад. Э, войе, ба қадри тани сиҳат нав расид, ки дер шуд. Рӯзгоре сангин пеш меоямаш. Як замонӣ болои теппаи сабзпӯш тӯбро чолокона аз пеши поҳои ҳамсолонаш мегирифту ба дарвозаи ҳариф ҳамлавар гол мезад. Оҳубарраро мемонд, ки бефараҳшавиро намедонист. Дилозор бача ҳам набуд, ки бигӯй дуои бадаш гирифт. Раҳу рафтору гуфтораш низ бомаънӣ.

Аз ваҷҳи тамошогарони хушзавқ ба думболаш оҳанги таҳсин мехест. Самсолон орзу мепарвариданд, ки дар чолокиву ҳушёрӣ ҳамранги ӯ бошанд. Гули сари сабади наврасон буд, Убайдулло. Ӯро ку парвои ситоишҳо, бошаст медавид. Озмуни шарикларсон ба дарёфти нишони тилло шадид гузашт. Вай аз як рафиқи ҷиззахӣ пештар масофаи даҳфарсахро тай зада, ба пирӯзӣ комгор шуд.

Нерӯи муқовиматгуне ба аъзои пайкараш печид. Ба бандаи мӯъмине умед намебаст, алҳол ки ба Худову ба худаш. Ирода то марзи тавозӯъ водошташ. Падар поҳои ӯро мемолиду рӯҳнавозӣ мекардаш. Чигасдоронеро намуна мегуфт, ки баъдҳо раҳрав шудаанд. Дигарон мешиштанду мегуфтанду мехестанду мерафтанд.

Ин субҳ ӯ аз падар исрор кард, ки дар оҳани баланди кати хобаш тасма бибандад. Хоби бисёр ба дилаш зад. Чашмашро болову поён мекашад, ки поҳош кам-кам биҷунбанд. Чи рӯзҳои сахтеро дар аскарӣ дид. Он ҳангом муттакоаш ирода буд.

Падар гуфт, ки бе иҷозаи духтур аз пеши худ коре нахоҳад кард. Авлиёпур биояд, машварат меорояд. Димоғи фарзанд сӯхт, ки гуфт:
— Мехоҳӣ, ки якумр мӯҳточӣ бикашам?
— Не, бачам. Духтура як даҳон бипурсам...
— Поҳом, ки карахт монад, тасмаро ба сарам мезанам? — садояш олуда ба ғам бархост.
— Фикри бад накун. Миёни ту не, миёни аҳли хонавода шикастааст.
— Э, Худо! Дилама гирифт хоби бисёр! То кай дар ин аҳвол мехобам?!

пешина
аз 314
навбатӣ