Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

тирамоҳ пок мондаву паҳлӯшон анор чида буд. Гоҳи аёдат дар лоқии миёнаш панҷ- шаш ноки зард-зарду анорҳои сероби ташнагишикан баста меовард. Ин карат оби анораш чафида, пиёларо сӯяш дароз карда гуфт:
— Бинӯш, оби анор ҳаким аст.
— Бишӯи, бобо.
— Фармудам, ки чоштгоҳӣ таъоми парҳезӣ биёрандат.
— Саргардон нашав, хӯрдани намефорадам.
— Медонӣ боакле чӣ гуфта? «Аз хӯрдан фалҳаву аз нахӯрдан шалха».
— Хубаш дар пешам бишин, бобо.
— Як ноки хушрӯ пӯст канам, даҳонта ширин бикун.
— Ҳазми таъома бад мебинам.
— Паси ин гапҳо нагарду тез-тез бихӯр.
— Шуморо дида сер мешавам.
«—Ё Раббулҳоламин, ба бачаи беозор озор чӣ раво буд?»
Ҳамсони падар месӯхт мӯйсафеди бебача. Мехост, ки ҷавонро аз вартаи номуродӣ наҷот бидиҳад. Аммо дасташ кӯтоҳӣ мекарду аз талош ба рӯзи нек даст намекашид. Ба Маҳмадулло кор намерасид. Духтарони бобои Рауф вақти таъинӣ таъомро ҳозир, ғами бебачагинашро кӯр мекарданд. Мӯйсафед гуфт, ки ба хӯрондани як бандаи мӯъмин ҳимматаш мерасад. Эҳтимол парвардигор ӯро бад ин минвол дар хати тақдир меозмояд.
Хешони ҷавони маъюб рӯздармиён ба аёдат меомаданд.
Боре Рӯшангул бо модараш ташриф оварданд. Убайдулло баъди салом аз бӯр механдид. Ғамдор буд модари духтар. Номзади нури чашмонашро ҳақиру озурда дарёфт.
— Беҳтар шудай, додар?
— Шукр хола, зинда мондам.
— Дар пуштат арвоҳи зӯре будааст.
— Арвоҳи гузаштаҳои шумо..., — нигоҳи ҷавони дардманд ба рӯйи Рӯшангул кӯчид.
— Кӣ ҳамёни маҳмалин гум кардааст?!—садои посбони шифохона холаро ба берун бурд.
Дар ҳуҷраи хомӯши беморон ҷавони маҷрӯҳ монд у Рӯшангул.
— Гап намезанӣ?
— Кай мебарой?

пешина
аз 314
навбатӣ