Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Садсола шавӣ, падар!
— Эй Худо, имон металабам, на умри дароз.
Падари ғамдор мурғи паршикаста буд. Лобаву зорӣ мекард назди пизишке, агарчи мамнӯъ аст, мехоҳад фарзандашро бибинад. Хилъатпӯш дери дер нарм шуд. Ҳоли зори мардакро дида, дар ҷбини бобои Рауф гиреҳ афтод.

Дидори лахти ҷигари ба тахтапушт хобидаву сару рӯ докапеч саропои падарро ба сӯзиш овард. Бӯ кашид пайванди ҷонашро. Миёни чордевори лоплочӣ дармонд. Мардина буд, агар не, хой-хой мегирист. Чанде ба нигоҳ роз гуфтанд. Нигоҳи Убайдулло ба бобо кӯчид. Ва, падар дар санҷаки дар бесадо гирист. Пирамард пандаш хонд, ҷангаш кард.

Пизишки навбатдор ҳарсеро аз палата баровард.
Бобои Рауф, амаки Маҳмадулло бо Ҳикмат ба боғи саҳни шифохона ворид шуданд.

6

Мӯйсафед аз китоби умраш беғалат қиссаи ҳамдардӣ мегуфт. Падар дилхун мешишт. Ҳини сӯҳбаташон аз пойшии шифохона оҳу нола бархост. Овози занашро Маҳмадулло шинохта, ҳайрон монд, ки дар ин роҳи дароз ҳамроҳи кӣ омада бошад? Пизишкон таъкид карданд, ки модар ором бипурсаду ором биравад. Агар не, табобати эшон бар суди ҷавон нахоҳад буд.

Шарифамоҳ ба ҳавлии шифохона расидан замон навҳаро бардошт. Атрофатро занбӯрхона карданд занҳо. Ҷамъи онҳо ба чук-чуку надомат хирсро ба сангпушт, оҳуро ба зоғ баробар менамоянд. Назири нобино мегуфт, ки ҳазор китоб хонда бошӣ ҳам, қонуни навишташонро намедонӣ. Ҳозир мегирянд, ба паҳлӯ бингаред, хандидан доранд. Шарифамоҳ мӯйғариро бас кард, аммо аз тақдир менолид. Бар падари ҳамдеҳааш раҳмат, ки овардаш. Дуруд ба одамони нек!

Кулбаи марди пир манзили волидайни Убайдулло шуд. Наздики шифохона буд кошонааш. Бобои Рауф ба ферма рафта, чанд сар мург харид ва ҳар пагоҳӣ якто-якто кушта, ба завҷааш мефармуд, ки бисёр ҷӯшонад, боматка мешавад ва дар зарфе бо нони гарм бардошта мебурданд. Аёли пирамард камтар дард намекашид. Духтараш аз шаб зувола рост карда, субҳидам аз ҳавлӣ бӯйи нони гарм меомад. Рауф зери ниҳолҳои болохона аз дасти ниҳолонаш

пешина
аз 314
навбатӣ