Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ зайл давида ба хонаи зин шифтанамро намедонам. Аз паси ҳайвони даргурез асп мемонам, маҳмезаш мезанам. Бероҳа аз гандумзор чапу рост мегурехт гов. Асп ба таманнои дилам медавид, садои ҳамсолонамро намешунидам. Сар-сари ёнаҳо асп медавонидам. Мегуфтам дашту даман зери лаҷомам қарор дорад. Бехабар аз он ки ба пешвози ғамҳо дартозам. Ба гӯшам зарби якнавохти сумҳои асп мерасиду бас. Модагов роҳи гурезашро медонист. То лаҷоми аспро ба кӯҳи нишебрӯ гардонам, ки ҳайвони омӯхта роҳро убур карда, хоктӯдаро пештар тохт. Галтаки сабукхели гарданаш хой мехӯрд. Овози падарам аз паси асп акс меандохт:

— Ҳе-ҳс-е-ей! Биға-а-а-рд... мо-наш би-ра-вад!..

Лаҷоми аспро басилғав мекашам. Майли тохтан мекунад, ҷонвар. Бақувват бошад ҳам, лаҷомзадааст. Дар табиат ҳама чиз ба сари худ лаҷомзане дорад, ки бояд итоат бикунад. Аспро рӯболо маҳмез мезанам ва бармегардам ба сари пода. Падарам якта-якта қадам партофта, ҷабинаш пурчин, ба наздаш расидан баробар нофорам, балки аз аспи аракшор норозӣ, коҳиш мекунам:

— Бифуро-е! Дами дили асп сӯзондӣ...

— Охир гов роҳро миёнабур кард.

— Нагуфтам ҷовандоз шав, бидавон!

— Лаҷомам сар додам, худаш давид.

— Дар сағринаш кӣ зад?

— Давиданаш форид...

— Дигар аспро ин хел бераҳм надавон.

— Гови момаи Мафтунбӣ ба хона даромада, очама ғам надиҳад гуфта давондамаш.

Аз бозгӯи номи модар шасти қиблагоҳам паст мегардад. Эҳтиромашон қавист. Дигар коҳиш намешунавам. Ба амри худаш давидам. Ҳамрохонам аз аспдавонам завқ мебаранд. Падарам зину афзори ҷонварро кушода, пушташро маҳин-маҳин мемолад. Аспи аракшор ҳам ӯро бӯ мекашад, ёл меафшонад. Ба думи дарози абрешимвор гарду чанги танашро покиза медорад. Чарлуро бовафо дармеёбам. Ду ёри як диёр!

Пода ҷойи сералаф ёфта, дур-дур намечарад. Зери «қапта»-ҳои худсохт аз офтоби тамуз панаҳ мебарем. Вақт дилбазан мегузашт.

пешина
аз 314
навбатӣ