Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Зардолуву бодом таркибҳои онанд. Фарёдҳои дардолударо мешунавам, намедонам аз куҷо бархоста? Не, медонам, аз саҳрои пахтазор, соҳибонашро фарқ намегузорам киёнанд. Ва парвоз дорам...

Хонаи беандова, шабеҳи чордевори Абдули «попеч»-ро ҳамоно мешиносам. Дар сари роҳ ҷойгир аст. Гову мол танашро молида-молида, хокаш хӯрдааст. Пирамард по ба по мепечиду мӯҳтоҷи ёрист. Ва аз офтоббаро то офтобшин гӯшан суфаро хуш дорад. Ба толеъаш Гулбибӣ амри падарро ба замин намемонад. Аёлаш Назрбӣ аз пешаш дур намеравад. Аввалҳо чор инкелаш бутун буд Абдулро. Дар ҷавонӣ ба бемории фалаҷ гирифтор шуд. Аз Абдул ду духтар дошт, ҳамсар напартофтаҳ. Қандата бизан, мома, якумр бо мардаки ланг мезииву ҷанҷолатонро намешунавем. Ва моро муаллим Ризоӣ ба хонаи мӯйсафед мефиристод, ки рафта обаш биёрему ҳезумаш бишканем. «Дуои пиронро гирифтан савоб аст...», - таъкид мекард муаллим.

Аз бозӣ баргашта фаҳмидам, ки фардо подабонӣ меравем. Ҳар навбат як-ду рӯз пеш падарам қадуву хӯрчин ва таёқҳои хургаеро рӯйи даст монда, ба модарам мефармуд, ки то нимарӯзӣ таом пухта, ҷойи сабз дам карда, ба зери тути лаби наҳр гирифта биёрад. Як рӯз буд, рӯзи дарози серташвиш буд подабонӣ. Ба хотири кӯҳбаронву аспсаворӣ ҳамон шаб маро хоб намебурд.

Ба ёди асп пеш аз хонавода бармехезам. Моҳи досшакл ва тоқа - тоқа ахтарони камнур мераҳшиданд. Саманд дар аспхона аҳёнан сум кӯфта, фирриҳос мебаровард. Дигар хобам намебарад. Ситораҳои «ҳафтдодарон»-ро мековам, онҳоро намеёбам. Аслан шаби ялдо пайдо мешаванд. Ҳамааш баҳона, дар интизори дамидани субҳи навам, субҳе, ки фарҷомаш пас-паси пода ба кӯҳу дашту даман мебароем. Беруноиямро пай бурда, челак сари кифтону офтоба дар даст, сулфида-сулфида падарам рӯбарӯ омада, коҳилона мегӯяд:

  • Ту чӣ баробари зог мехези? Ё паривара шудаӣ?

  • Аспа хабар гирифтам, - дурӯғ мегӯям аз тарс.

  • Нағз будааст, асп?!

  • Ҳа. Чави тӯрбааш ним шудаст. Аспа кай зин мезанӣ?

пешина
аз 314
навбатӣ