Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Парастуҳои чарҳанда ҳолати аза аз парвоз мемонанд. Кошонаи моро аз сарои мотам оҳи ғамҳо мепечонад. Ҳамагон аз дидаҳо хун меборем. Сар ба устуни долон мекубам, ҳой-ҳой мегирям. Марг ба марг!

Ҳини гурӯби офтоб падарам аз дори дунё дармегузарад.

Рӯзи сиёҳ мегузашт. Ману бародаронам тобутбардори падарем. Модарам дар саҳни дарвоза навҳаи талхе аз ҷигар мекашад. Пешин ҷисми қиблагоҳамро ба хок месупорем. Дунёи номард! Аз ин доғи сарнавишт гурӯби хуршедро написандам.

Зимистон ғайриоддӣ пурбарф омаду баҳор сербориш. Мардуми деҳ ба ормонҳои нек мезист. Рӯзҳои боронӣ муқаррарӣ менамуд. Ку баҳоре беборону раъду барку жола?

Аз субҳ инҷониб ҳаво майда-майда меборид. Хуршед так-таки абрҳо ба заминиён қаҳрӣ мегашт. Марду зан мерафт ба саҳро. Сарварон зери борон корашон меёфтанд. Боз чӣ гуна коре? Сар-сари навдаҳои тутҳои ба раҳи хокӣ ҳамойилро буриданд! Забони ҳама баста буд. Чаро ки замон ҳақпарвар набуд. Бо ифшои ноҳақиҳо ҳақҷӯй ҳақ намегирифт. Дер бармегаштанд мардуми бечора, чӯлидаи обу лою шип-шилган борон.

Дами бегоҳ аз кӯҳи ҳамрӯян саргаҳи деҳ, ки оби барфу борон ҷамъ шуда буд, чок мезанаду сангу кулӯҳу хасу хошокро шуста, ба ҳамворӣ мешорад, обхези мешавад, обхезии сахт. Ғиреви нолишомези пиру барно ба фазо мепечад. Чӯборҳо лаболаби об, аз раҳи мумфарш гузар карда намешуд, таппакҳои паси бомҳо рӯ-рӯи об мерафт. Оби шасташ тез ба хонаҳо медаромад, болишту кӯрпача ва палосҳоро меғундоштанд. Ҷавонмардон бо белу каланд бармехостанд ба ҷанги об. Ҷанги одаму об! Обу оташ бераҳманд. Ҳарчанд қавме якеро ба худоӣ мепарастад.

Аҳли деҳ дар изтироб аст. Раиси ҷамоат мардумро ҳадақа мекунад. Ҳамоно ҷавонмардон чӯбор мекофтанд. Об маҷро меҷӯст. Зумрае барои суғуртапулӣ хату чак тартиб дода, дар ба дари идораҳо медавиданд. Худи раис ба ноҳия сим мезанад, ёрӣ мехоҳад.

— Э, мусулмоно! Биёед, пеши раҳи обро мебандем! — ҳамагонро ба по мехезонд бародарам.

Ҳавлии мо ҳавзи об мешавад. Почаҳомро бар задаву бел ба даст чӯбор мековам, раҳи обро ба заҳбур мегардонам. Ошуфтагии

пешина
аз 314
навбатӣ