Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
мегирифтам, асп чорхез медавид, то «ҳалол» намекард, ақиб намегашт. Пешомадро медонистам, ҳаргиз буз намекашидам. Оташгаҳе буд синаҳои мо. Ғайри рӯзаву намоз дигар корҳо пушаймонӣ ҳам доштааст. Фишори хун гоҳ-гоҳе метарсонадам.
— Ғам нахӯр, Бузургвор. Тамом карда биоям, аз саргардониҳо озодат мекунам.
— Илоҳӣ, хока бигирӣ, зар шавад. Раҳми маро, ки мехӯрӣ, асло дасти кама набинӣ.
Чеҳраи офтобхӯрдаи падарамро басерӣ дидан мехоҳам. Охир, фардо сафар дорам. Боз шаш моҳи дигар дидор намебинем. Нахустин бор ӯро дар ҳоли шикастарӯҳӣ ҳамсӯҳбатам. Лафзаш тарсуёна, омехта ба яъсу ноумедӣ дар зеҳнам менишинад. Мани содда аз куҷо медонам, ҳамон ҳин васият карда буд: «Бачам ман бошӣ, аз се чиз парҳез карда бигард: майнӯшӣ, дурӯғгӯй ва бадахлокӣ.» Мегуфту ба чашмонам нигоҳ намекард. Вазъи рӯҳиашро мефаҳмидааст. Ҳисобдони гардун чуну чарояшро худаш медонад.
Дасти раиси Абдураҳим ба рӯйи қафаси синаи паҳни ӯ мелаҷжад, мемолад дилашро. Бо ишорааш хурдсолон аз хона мебароянд.
— Ҳазрати Ёсинро сар кун! — муроҷиат мекунад ба домуллои мӯйсафед.
Бобои Сулаймон баавҷу тӯлонӣ мехонад, гаҳе нафасаш мегардад. Мӯйсафеди паканае ба ҷойи тасаллӣ паҳлӯям раҳравон «Худо бандааш бигирад...», — мегӯяд. Аз алами ниҳонӣ дармегирам, аммо эҳсосамро рушод намекунам. Мо хонадор ҳисоб мешавем. Вале ба дил қасд мегирам. Корд намеёбам, агар не, беруни дарвоза Давлати кӯлдарагиро бо ин орзуи бармаҳалаш мекуштам. Мӯйсафедони солхӯрда ҷойгаҳашро батартиб оварда, дӯсти ҷонии ӯ бобои Ҷӯрахон пешонаашро мемоладу латтаеро аз бағал мебарорад. Ба коре омодагӣ мебинад, ман бошам, ба кӯи номуродӣ-бепадари қадам мениҳам. Панҷаи паҳлавонсурати бобом аз теғам дошта, берун мебарадам. Ин ҳангом офтоб дар уфуқ сарнишеб мерафт. Муҷаллои он аз тиреза даври бистари падарам хирман лолагун задааст. Яке нолаи модарамро мешунаваму худро ба хона мезанам. Партави хуршед ранги падарамро заҳиртоб медорад.
Боло баро, эй офтоб! Ку боло баро, падарам аз ҷойгоҳ мехезад. Даводаву паропарро фарқ намегузорам, пеши дидаҳом барқ мезанад. Бо ғуруби хуршед равони падарам низ меравад, бебозгашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё