Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

мардум оромӣ намепазирад. Ба ёди хосу ом Худои раҳим, ба ёди Абдумалики ҳамсоя бошад, бародари ман мерасад.

Абдумалик мудири анбори хоҷагӣ буд. Дуздодуздиашро медонистем. Тафтишгарон паси ин гап намегаштанд. Обхезии сирри бисёриҳоро рӯ занонд, ба ҳелчаи мушон об даромад. Бачаҳои ҳамсоя зина монда, халтаҳоро пуштора ба болохона мебароранд. Абдумалик димогсӯхта мефурояду на раиси ҷамоату колхоз, балки шахсеро мековад, ки ба тарафдории ӯ овоз дода буд. Мӯзаҳои резинӣ ба по, миёни ҳавлӣ ҳаросонаш мебинем.

— Депутат дар хона ҳаст?! — мепурсад ӯ як бел обро ба ҳаво партофта.

— Ку биё, амак. Дар обхезӣ чӣ ҳол дорӣ? — даст пеши бар мегӯяд модарам.

— Ҳоли хук! — киноя мезанад бачаи вай чашмони қурбоққасонашро бозӣ доранда.

— Биё, бишин акаи Абдумалик. — аз соддагиаш намемонад модарам, — офати табиат ба хонаи Шумо ҳам зиён овард, а?

— Мо тут мегӯем, ту бед! Бачаи депутатат куҷо рафт? Ҳа?!

— Ба ҷои селканда рафт, чӣ кораш дорӣ?

— Як-ду даҳан гапаш доштем, — таёқеро ба гардан хаму рост мекунад писари калониш.

— Арзата бигӯ, омад, мегӯем.

— Хонаву ҳавлима сел бурд, мефаҳмӣ?! Дар куҷо мешинем?! — бонг мезанад Абдумалик.

— О, чӣ кор бикунем? Ҳамааш хости Худо буд.

— Дар депутатшавии бачаат чордаҳ тан аз хонаводаи мо овоз додааст! Чордаҳ нафа-а-а-р!

— Ба боваритон раҳмат.

— Миннатдорӣ накун, депутат, ки интихобаш кардем, раҳи села бибандад!

— Депутат ҳам одам, дасташ ба ҳаво намерасад.

— Чаро дар маҳаллаш гуфт, ки «агар депутат интихоб шавам, оби сарнишеба рӯболо мегардонам!»?

— Обу оташ бозӣ надораде, додар. Ғайри парвардигор касе қодир нест ба гардондани балоҳои осмонӣ.

— Дар ваъдабозӣ усто будааст. Як села раҳ нагирад, талаби халқа чӣ хел ба ҷо меорад?! — сурху кабуд шуда мегуфт Абдумалик.

— Овоз додем, ки каму костамона эҳтиёт бикун. Нагуфтем, ки аз

пешина
аз 314
навбатӣ