Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

зебо. Не, наметавонам зист бо одамони бетафаккур. Олами покӣ мехоҳам, пар мекашам ба само ҳамраҳат эй, шабпараки зебо! Ҷонам шавӣ, маро бибар аз ин дунё. Ҳеҷ орзуи дигар надорам. Наой, шабу рӯз Худоро зорӣ мекунам, намоз мегузорам, по ба роҳи бад намегузорам, охир пар мебарорам, туро медорам...

Ва, шабпарак аз фазо поён шуда, омаду ба сари кифти писарак нишаст. Нишотолудан рӯзӣ парида хест. Хона торик, на шабпареку на маргзоре. Баландтар гирист, аз навҳа хонаро ба сар бардошт.

Шаб, шаби аз гиряи талхи писарак дилгир мегузашт. Ба ҷуз момо, ки пуштакашро молида-молида аз омад-омади шабпарак орзу мепарварид, касе ба долаш намерасид. Форам намуд масҳи ангуштони момо. Кампир чиҳо гуфта-гуфта ба ҷойгаҳаш даромад.

Писарак ба ёди шабпарак мегирист.

Ҷавонзанро хоб ҳаром гашт. Мехост пора-пора бикунадаш, вале аз номи «бачакуш» истиҳола мекард. Як ҳиссе, раҳмдилӣ не, меҳри модарӣ ҳам не, ким-чизе омехта ба ҳолати инсон дар вучудаш ангеза мезад. Ҷаҳл ба сурати хунукаш ниқоби манфурӣ дӯхта буд. Писарак ба чашмони безеби ӯ нигариста, зӯраш ба гиря мерасад.

Ҳамсояҳои наздик аз гиряи ҷонгудози писарак бедор шуданд. Баъди соати дувоздаҳи шаб аз поймонаҳҳо болобавиро шарм дониста, аз печкаҳои оҳанӣ дурушт-дурушт садо медоданд. Овози мокиёнхели модарак дар сукути шаб рӯ мезад.

Пиразан ба наберааш чӣ ваъдаҳое намекард. Имшаб падараш набуд, ки зебо бифиребадаш. Аспаку чорчархаи зангдор муҳайё бикунадаш. Ҳамаш абас рафта буд.

— Чашмҳота пӯш, ҷони мома, нимрӯзӣ дар хота сари шоҳи зардолу ҳамон патоника меқапшам.

— Патоника сур кард.

— Кӣ?

— Оҷаам.

— Ташна буд, обхӯрӣ рафт...

— Не, шаб об намехӯрад ӯ.

— Ҳама чиз ба об зиндааст.

— Мома, об! Мома, об!

— Ҳолаҷонаш барои бачаам об биёр. Ҳо, пиёла...

Сухани момо тамом нашуда, дар пиёлас обаш оварданд.

пешина
аз 314
навбатӣ