Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ана, бигир, ҷони мома.

Бачаҳак лабҳош дар пиёла часпида, аз ҳарос ба гӯшаи чашм ба модараш менигарад. Ва менӯшад то дами серӣ, мегелад ба ҷойгаҳ, паҳлӯи мома. Афсона мехонадаш, афсонаи шабпараки зеборо. Дар бағали гармаку хушбӯи мома бадриҷ пинакаш мебарад. Пиразан сари «мағзи гандум»-ашро силӣ зада, меҳусбанд барбабар.

Мурғи шаб таки болҳои тирагуни хеш гунудан дошт.

Шабпарак дар кадомин хона мечархид ва ё аз паси шишаи тирезаҳо берун монд?

Писарак аз рӯзғое даст меафшонад. Ҷавонзан гоҳ-гоҳе ба ҳавои тоза мебурдаш. Имшаб писарак бо холаҳаш ба пойин-ку нарафт, аз алами бепоён гириста-гириста хобаш бурд.

Наҳустовезе, ки мома аз писарак гирялуда бишнидани буд:

– Патоник омад, мома?

– Меояд бачам, холие рӯз шавад... Шаби дароз гиристӣ, аммаи сиёҳплиҷдата хоб дидам, ки дар гӯшаи долони офтобрӯ чашм ба дари баста маҳзун мешинад..., – ба худ гуфт кампир ва ҷойнамозашро болои тахмон гузошт.

Писарак аз домони мома кашида, дамодам аз макони шабпарак меҷӯст. Пиразан ӯро бардошта бурд ба айвон ва рӯ ба осмони софу бегубор пурсид:

– Ҳӯ, ана дидӣ, абри сафеда?

– Ҳо.

– Соз нигоҳ кун, ба думболаш селаи патоник омадан дорад...

– Кай меояд, мома?

– Кӯҳи баландда бигзарад, мерасад ба хонаи мо, мешинад рӯи дастони мома.

– Менишинад, патоники сафедак ба пишаҳо?

– Ҳа, гирди сарҳо чарх мезанад.

Маротибаи ахир пиразан ба сурате шабпаракро дида бошад, ба гӯши писарак аз рӯи бовар мегуфт:

– Биё, пеши тиреза биншинем, патоник меояд. Ҳа, меояд, патоники сафедбол.

Момову набера дастобагардан субҳи навро шукрона гуфта, ба пазмони меҳмоне, ки аз ҳаҷри дидораш месӯхтанду мепухтанд, ба шинои пораи абри сафед оҳкашон, мӯъҷизаи худовандро парастида, аз гумкардае дилашон таҳ мезад, чашмонашон раҳ медид. Пораабри

пешина
аз 314
навбатӣ