Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

– Эҳе-ҳе-е-й! Мо ома-де-е-ем!...
– Лаб-лаби мазра биё!
– Би-ийо, биё, рост би-йо-о-о!...
– Надав, яке меғалтӣ..., – таъкид мекунад модари ғамгусорам.
Дар нигоҳам ба даври Сада аз хуршед хирман дамидааст.
Медавам, ба истиқболи дурахши нур.
Оё ман ҷониби дунёи хуршедӣ давидан дорам?
Бале, миёни ҷӯяҳои паҳтан арӯсакшуда афтону хезон медавам. Ниҳолакон гӯё аз ду самтам каф мезананд. Садаро нуқтаи оғози пойга мепиндораму падарамро ҳаками он! Майдон ҷавлонгаҳам буд. Қадам ба қадам дар тору пудам ҳиссе покизаву воло боло мегирад, ки бойистӣ давиданҳо. Як шабак надида пазмон шудаам ӯро. Ҳарчанд масофаро тай мезанам, лабонам парсинг баставу ҳалқам хушкида, дилам фишор мехӯрад аз ғояти дар худ таппиданҳо. Бошаст давидан дорам ва мерасам ба манзил, аз бӯи гуворо, маст мегардам аз оғӯш кашиданҳо!
– Барои чӣ шаб наомадӣ?
– Пахтазора обёрӣ дорем.
– Тоқа мондӣ?
– Не, аспам ҳамин ҷост.
– Чанд рӯз инҷо меистӣ?
– То шона бастани ниҳолҳо. Рӯзона хабартон мегирам.
– Найист, биё хона меравем...
– Оҷата ёрдам мекунӣ ё не?
– Ҳезум оварда, алов мегиронам, алаф медаравам...
– Қанд зан, ҷони ширин. Ту бачаи калон шудаӣ, аз калонҳо дуои нек бигир.
– Хуб.
Мо фурсате менишинем. Падарам бо аъзоаш дар оби ҷӯбор дасту рӯ шуста, таъом мехӯранд. Мардон қаноатманданд. Аз бехобӣ чашмони падарам варамида, ба мӯйҳои мошу биринҷаш зарра-зарра гард афтодааст. Не, ӯ дар либоси саҳроӣ ҳам зебояст. Офтобро бо доман пӯшида намешавад.
Падарам таъоми гармак меошомаду чойи сабзфомро пуф карда менӯшад.
Ва баъд аз рӯи меҳр то роҳи тутзор мегуселонадамон.

пешина
аз 314
навбатӣ