Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа
—Арвоҳзада! Паси шиша баумед омадааст. Мумкин арвоҳаки саргардони момаву бобои ту бошад. Ношуди пурмакр, кай ту одамгарӣ ёд мегирӣ?!— кампир натавонист ором гап задан.
Ҷавонзан бедимог як табақи тирезаро во кард. Шабпарак нарм-нармак андарүни хона шуд. Болои сарҳо чарх мезад. Дар чархданаш сари писарак мечархид. Дар нуктае бисёр наменишаст шабпарак. Аз таҳмон болои ҷевон, аз палос ба лаълии гелос, аз болишт ба гӯшаи хишт мечаспиду парвозӣ мерафт. Афтону хезон медавид аз пасам. Бозӣ медоқонд ӯро «арвоҳак»-и сайргар. Бегуноҳанд ҳарду. Хушоянд мегузашт бозишон. Пиразан дар бозии «арвоҳак» бозиҳои айёми тифлии Нигинаи худораҳматиро медид. Ва, оҳиставу нарм шабпарак ба докаи сари кампир менишаст. Баъдан, болои дастони серрагу паяш пар кашид. Намеҷунбид пиразан, то «арвоҳак»-ро сер бибинад. Ҳар бор духтараш ба хоб хандон меояд. Фақат дишаб ӯро маҳзун дид. Момо ба наберааш ишора «бишин» кард. Пайкари афгору азалӣ оромаш хеле мадор гирифт. Хаёлаш ба даврони балогати духтараш мерафт, ки аз дараш омадаву осудагӣ мехоҳад ба модари мушти пар. Кампир нолон аст, ки қисмати шум нагзошта ҷигарбанде, ки нусхаи рӯяш дар ӯ таҷАССУМ буд, аз меваи зиндагӣ ширин бичашад, аз худ нишон бимонаду номаш гум нашавад. Ҳини камоли умр ӯро падруд гуфт. Дунёи фиреб! Дасташро нофаҳмида ҷунбонд, пар назад шабпарак. Пиразан ба омаданаш саропо муштоқ буд. Гуфтаниҳое дошт, ба дигарон номафҳум.
—«Омадӣ, ҷони оча?»
—«Пазмонат шудам.»
—«Хушҳолак менамой, чӣ хубе».
«Мебинам дар чакдон нон мепазӣ. Давида меоям. Як бурда нони суп-сурхак шикаста мехӯрам...»
—«Ҳа, дина ош пухта, дар ду лаълӣ ба даргоҳи бобои Ҳазрати Амирҷон бурда будем.»
—«Ба зиёрати бобом тез-тез бирав, оча.»
—«Дар арвоҳакаш ҷонам-е. Файзу эҳсони шаҳри мо аз пайи қадамҳои ӯст».
—«Умр вафоӣ накард, агар не, ҳар рӯз ба зиёраташ мерафтам.»
—«Ойе, хоки қадамчон ӯро ба дидаҳо мемолем. Каромот дорад, беҳисоб».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё