Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Чун ки болои мағзи сунутмӯҳра парда гирифта, имкони шифоёбиро ба таъхир меандозад. Вале омада-омада падар санги сари роҳ шуд.

  • Не, як бор миёнша буриданд, бас.
  • Ака, ихтиёр дорӣ. Мо, ки ин азоба дида будем, адои қарз гуфтем-да, - изҳор кард Ҷӯрахон хиҷолатному шармида.
  • Ба фикри шумоҳо дигарбора офият меёбад? - аз аспи ҷаҳл фуромада, ба меҳмонҳо нобовар нигарист падар.
  • Хоби беҳуда зиён меорад, пушт қолаб мегирад, табобат мушкил мешавад.
  • Умедворем касал кӯҳна нашудааст. Баъд ин ки ҷавонро захмаш тез рӯ мегирад. Пир мебуд, хеле душвор мешуд, - ба тақвияти пешниҳоди ҳамроҳаш аз дилсӯзӣ гуфт амаки Абдуламин.
  • Чӣ фикр дорӣ, бачам? - гулӯяш аз гиччовак пур шуд берӯзӣ Маҳмадулло.
  • Ба маргам розиям, то аз ҷойғаҳ бархезам, — димоғсӯхтаву озурда ҷавоб дод бемор.
    Дар болои сӯҳбатшон аз гузари поин Сафари Ҳофиз омад. Аз дидори ӯ дар лабони Убайдулло табассум гул кард. Вале нимашабӣ омаданаш барои меҳмонон аҷаб нанмояд гуфта соҳибхона луқма партофт:
  • Сафар, дар кӯчаҳои бечарои мо ягон саг-паг нагазадат-о!
  • Акаи Маҳмадулло, саги худӣ газад, хуб. Вой, аламоии саги бегона!
  • «Бегона - ранги саги девона», - рӯ гардонд ба ҷавони ҳамсоя саробони хона. - Гуфтем: харосонӣ, ягон хона сӯхтаасту об мекашонӣ.
  • Ҳа, - чашмак зад Сафари Ҳофиз ва суханашро идома бахшид. — Миёнат бехтар шуд?
  • Ҳозирақо ҳамин масъаларо муҳокима дорем, - ба ҷойи писар посух гуфт падар.
  • Ба ҷарроҳии дуюмбора фикри ту чӣ хел?
    Як тан аз ғамгусори ҷавони дардманд ҳамин Сафари Ҳофиз буд. Ӯ ҳар шаб аз ноҳия ба хона дер бармегашт, вале то ошнояшро намедид, ба роҳаш намерафт. Ҳар гаҳе, нимашаб дарвозаро мекӯфтанд, хонагиҳо тахмин мезаданд, ки Сафар омадааст. Падари дилхун рӯй гардонд, ки дӯсти меҳрубонаш чӣ мегӯяд.
  • Нияти хуб кардай. Яке мебинӣ, ки ба асли қадим мешавӣ, Тоҳири Судура мешиносӣ, а? Айнан ҳамин хел буд. Баъди се
пешина
аз 314
навбатӣ